КӮШОНИЁН: ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ТУХМИПАРВАРИИ БА НОМИ ФАЙЗАЛӢ САИДОВ
Имрӯз, 4 апрел, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти хоҷагии ёрирасони тухмипарварии ба номи Файзалӣ Саидов шинос гардида, ба кишти пунбадона ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар хоҷагии ёрирасони тухмипарварии ба номи Файзалӣ Саидови назди Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Қурғонтеппаи шаҳри Бохтар хоҷагидорон кӯшиш доранд, ки бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда дар муҳлатҳои пешбинишуда кишти пумбадонаро дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расонанд. Бо ин мақсад тухмипошакҳо ва теъдоди зарурии таҷҳизоту олотҳои кишоварзӣ таъмин гардидааст.
Аснои боздид аз ин хоҷагии ёрирасон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид фаъолияти саҳмдоронро дар таъмини амнияти озуқаворӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии заминҳои кишт дар хоҷагии ёрирасони тухмипарварӣ ба номи Файзалӣ Саидов
4 103 гегтарро ташкил дода, хоҷагидорон тасмим доранд дар майдони 2917 гегтари он кишти пумбадонаро ба роҳ монанд ва дар боқимонда заминҳо навъи гуногуни сабзавот ва ғалладонагӣ кишт намоянд. Гуфта шуд, ки имсол дар ин хоҷагии ёрирасон тухмиҳои навъи туркӣ ва чинӣ кишт гардида, саҳмдорон ният доранд бо истифода аз усулҳои агротехникӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.
Мавриди зикр аст, ки хоҷагии мазкур аз хоҷагиҳои калон ва пешқадами ноҳияи Кӯшиниён маҳсуб ёфта, саҳмдрон ҳамасола бо ба даст овардани ҳосили зироату сабзавотҳо дар таъмини амнияти озукавории мамлакат саҳми назарррас мегузоранд.
Хабарҳои дигар

ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ВА ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ "ДУБЕДА"
3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар хоҷагии деҳқонии "Дубеда"-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба кишти пунбадонаи

ЛЕВАКАНТ: ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 4 апрел, дар доираи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба фаъолияти Кооперативи тиҷоратии Сарзамини Леваканти шаҳри Левкант аз

ШАҲРИТУС: ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Т.Садриддинов ва ҷамоати деҳоти Тоҷдорони ноҳияи Шаҳритус

ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ИСТИФОДАБАРИИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ БА НОМИ “МУХТОРХОН”
27 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён бо истифодабарии самараноки замин

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
Субҳи имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи