МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ ҚУРБОН

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ ҚУРБОН

Дирӯз, 06:36
66
0
 
Ҳамватанони азиз!
Иди Қурбон яке аз оинҳои суннатии мардуми мусулмон ба ҳисоб рафта, барои маромҳои инсондҳстиву муравват, худогоҳию худшиносӣ ва сулҳхоҳиву меҳрубонӣ бунёд ёфтааст.
Ба ин муносибат Шумо - сокинони шарафманди вилояти Хатлонро самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракат, хушбахтию саодатмандӣ ва пирузӣ дар кору зиндагиро орзумандам.
Мардуми сарбаланди вилояти Хатлон бо шукргузорӣ аз фазои ободу осуда, тинҷию оромӣ ва ваҳдати сартосарӣ, ки бо заҳматҳои шабонарҳзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, иди Қурбон ва дигар маросиму ҷашнҳои милливу диниро таҷлил менамоянд.
Боиси қайд аст, ки ба қадри якдигар расидан, ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан ва ба ҳамдигар дилсҳзу ғамхор будан, маънӣ ва фалсафаи иди Қурбон ба ҳисоб меравад.
Дар робита бо ин, нуқтаи дигарро таъкид кардан ба маврид аст, ки омҳзиши илму маърифат, заҳматдҳстию ободкорӣ, сабру таҳаммул ва дигар арзишҳои неку созанда аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим мебошад, ки ба онҳо эътибори зиёд дода шудааст.
Дар фарҳанги исломӣ андешаҳои эҳсону накҳкорӣ, муоширати хуб анҷом додан бо аҳли хонадон, муҳаббату хайрхоҳӣ ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсояҳову дҳстон, дилсҳзиву ғамхорӣ ба беморону ниёзмандон, ятимону бепарасторон ва ёди хайр аз гузаштагон мақоми баланд доранд.
Мусаллам аст, ки дар рҳзи ид шахсони дорои имконияти моддӣ дар роҳи Худо қурбонӣ мекунанд ва қурбонӣ кардан тибқи аҳкоми дини мубини Ислом бар дҳши ҳама ҳатмӣ нест.
Бояд гуфт, ки қурбониро танҳо ашхосе бояд анҷом диҳанд, ки оилаи онҳо аз ҳар лиҳоз таъмин аст ва аҳли хонадонашон танқисиву мушкилот надоранд.
Онҳое, ки имконияти моддӣ надоранд, метавонанд бо суханони нек, амали хуб ва рафтори шоистаи худ дили одамонро шод кунанд, ки ин ҳам аз ҷумлаи корҳои хайру савоб ба шумор меравад.
Дар баробари ин, дар ин рҳз бохабар шудан аз аҳволи наздикон, махсусан аёдати беморону ниёзмандон, расонидани кумак ба ятимону маъюбон, дидорбинии падару модар, дили инсонеро ба даст овардан, ятимеро навозиш кардан ва ба муҳтоҷе дасти кумак дароз кардан аз фазилатҳои неки инсонӣ ва писандидаи мардуми мо ба ҳисоб меравад.
Ҳамватанони азиз!
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фаризаҳои Иди саиди Қурбон таъкид кардаанд: «Расму одоби иди Қурбон адои намози ид ва қурбонӣ кардан танҳо аз ҷониби шахсони дорои имконияти мусоиди молӣ мебошад. Асл ва моҳияти қурбонӣ ғамхорӣ дар ҳаққи ҳамдигар, раҳму шафқат ва ҷиҳати дастгирии мардуми камбизоат ба хайру саховат ҷалб намудани мардуми доро мебошад».
Нафароне, ки қурбониро анҷом медиҳанд, бояд дар хотир дошта бошанд, ки қурбониро дар навбати аввал ба хоҳару бародар ва хешовандони ниёзманди худ, оилаҳои камбизоат, дигар шахсони эҳтиёҷманд ва ҳамсояҳо диҳанд.
Дар робита бо ин, моро зарур аст, ки иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” -ро таъмин намуда, пеш аз ҳама ба меъёрҳои он, ки ба пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ равона гардидааст, риоя намоем, дар рҳзи ид ба ҷанбаи маънавии он бештар эътибор диҳем, имконияти моддии худро барои осоиши хонадон ва таълиму тарбияи фарзандонамон сарф намоем, то онҳо соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд.
Мардуми сайёра ҳоло дар вазнинтарин ва душвортарин давра қарор дошта, бо дарназардошти чунин вазъияти ҳассосу вазнини ҷаҳон моро зарур аст, ки аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқона заҳмат кашем ва сарфаю сариштакориро дар ҳама маврид риоя намоем.
Дар ин раванд, падару модаронро зарур аст, ки дар рҳзи ид аз гаштугузори бемавриди фарзандони худ худдорӣ намуда, онҳоро бештар ба донишандҳзӣ ва мутолиаи китоб ҷалб намуда, барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурҳғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурҳғи маърифат” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва дигар сабқатҳои зеҳнӣ роҳнамоӣ намоянд.
Ҳукумати мамлакат имрҳз барои фаъолияти сохторҳои динӣ шароити созгор фароҳам оварда, айни замон дар вилоят 1781 адад иттиҳодияҳои динӣ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» фаъолият менамоянд.
Вобаста ба ин, сокинони вилоят ҳамасола ҷиҳати қонеъ намудани эҳтиёҷоти динӣ тибқи тартиби муайяншуда ин фаризаро адо намуда, ҳатто аксари онҳо паиҳам адои ҳаҷи умраи такрориро анҷом медиҳанд. Ба инобат бояд гирифт, ки дини мубини Ислом зиёдаравӣ ва исрофкориро одилона маҳкум менамояд. Ба ҷои ин масрафи бемаврид агар амалҳои ободкориро дар мисоли бунёди иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ, роҳу пулҳо, бунёди боғу гулгаштҳо, ободонии маҳали зист ва амалҳои сабзкорию дарахтшинониро анҷом диҳем, ҳамчун садақаи ҷория савобаш аз савоби зиёрати хонаи Каъба камтар нахоҳад буд.
Итминони комил дорам, ки мардуми шарафманди вилоят дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳнати софдилона ва заҳмати аҳлона баҳри расидан ба ҳадафҳои ниҳоии Ҳукумати кишвар ва анҷоми корҳои бунёдкорию созандагӣ дар таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон саҳми шоистаи худро мегузоранд.
Бо нияти тинҷию оромӣ ва суботи ҳамешагии кишвари азизамон бори дигар фарорасии иди саиди Қурбонро шодбош гуфта, бароятон тани сиҳат, иқболи нек, хонаи обод ва барои кишвари биҳиштосоямон пешрафту шукуфоии рҳзафзун орзу менамоям.
Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Хабарҳои дигар
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ ҚУРБОН
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ ҚУРБОН
Ҳамватанони азиз! Иди Қурбон аз ҷумлаи қадимтарин маросимҳои суннатии мусулмонон буда, барои маромҳои инсондӯстиву мурувват, худогоҳию худшиносӣ ва
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР
Ҳамдиёрони азиз! Ҳамаи шуморо бо фарорасии Иди саиди Фитр, ки яке аз суннатҳои муҳимми маънавии мардуми мусулмон ва нишонаи эҳтирому гиромидошти
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Ҳамдиёрони азиз! Фардо иди сайиди Қурбон фаро мерасад. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо табрик гуфта, ба хонадонатон сулҳу осоиш, иқболи баланд ва файзу
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр, ки яке аз ойини мубораки диниву эътиқодии тамоми мардуми шарифи кишвар ба
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз! Сокинони шарафманди вилояти Хатлон! Истиқлол дастоварди арзишманди таърихӣ, саодати ҷовидона, тантанаи бошукӯҳу муассир ва нишонаи