МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ИСТИФОДАБАРИИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ БА НОМИ “МУХТОРХОН”

ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ИСТИФОДАБАРИИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ БА НОМИ “МУХТОРХОН”

27-07-2024, 16:39
83
0
27 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён бо истифодабарии самараноки замин дар хоҷагии деҳқонии ба номи “Мухторхон” шинос гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки майдони хоҷагии деҳқонии “Мухторхон” аз 12 гектару 31 сотих иборат буда, дар он ғаладонагиҳо 1 гектару 89 сотих, полезиҳо 0,35 сотих, зироатҳои техникӣ, чормағзаки заминӣ, картошка, офобпараст кишт карда шудааст.
Дар хоҷагии деҳқонӣ дар майдони 8 гектару 55 сотих пахта кишт карда шудааст ва то ин замон бештари ҳосили баҳорӣ бо ҳосилнокии баланд ҷамъоварӣ карда шудааст. Нашъу намои пахта дар ҳолати хуб буда, хоҷагидорон боварӣ доранд, ки ҳосили хуб ба даст меоранд.
Хоҷагидорон дар майдонҳои холимонда баъд аз ҷамъоварии ҳосили баҳорӣ, кишти такрорӣ, аз ҷумла шолӣ, маккадон, лӯбиёгиҳо ва дигар ғаладонагиҳо гузаронидаанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аснои шиносоӣ бо нашъунамои зироатҳо масъулинро вазифадор намуданд, ки зарфиятҳои мавҷудаи истеҳсолиро мақсаднок истифода бурда, ба хотири саҳмгузории бештар дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳисса гузоранд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ва суҳбату вохӯриҳо бо сокинони шаҳру навоҳии вилоят дар соли равон иброз дошта буданд, вилояти Хатлон ҳамчун калонтарин вилояти кишвар дорои имконоте мебошад, ки барои таъмини озуқавории мамлакат нақши калидӣ дорад.
Бояд зикр намуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва андешидани тадбирҳои самарабахш ва самаранок истифода бурдани замин ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба 12 млрд. 997 млн. 998,2 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 110 фоиз, аз ҷумла дар бахши растанипарварӣ 10 млрд. 453 млн. сомонӣ (110 %) ва дар бахши чорводорӣ 2 млрд. 545 млн. сомониро (107,2%) ташкил медиҳад. Афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят нисбат ба соли 2023 ба 110 фоиз расидааст.

 

 

 
Хабарҳои дигар
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
Имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили картошка
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
Субҳи имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САХОВАТ”
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САХОВАТ”
30 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти ҷамъоварии картошка ва намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Саховат», воқеъ дар
ҶАЙҲУН. БОЗДИД АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИҚБОЛ”
ҶАЙҲУН. БОЗДИД АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИҚБОЛ”
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Тоҷикистони ноҳияи Ҷайҳун аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили пиёз дар
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ БОҒИ ИНТЕНСИВӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОБОИ ШАМС”
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ БОҒИ ИНТЕНСИВӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОБОИ ШАМС”
28 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо нашъунамои боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии “Бобои Шамс”