БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БАЛАНДСАР”
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Баландсар”, воқеъ дар деҳаи “Дараи Мухтор”-и ҷамоати деҳоти Ҷомбахт боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид раиси вилоят аз заминҳои кишоварзии хоҷагӣ, ки роҳбари он деҳқони меҳнатдӯст ва собиқадор Ҳабибулло Саидов мебошад, дидан намуда, бо ҷараёни истифодаи замин ва парвариши зироатҳо шинос шуданд. Тибқи иттилои пешниҳодгардида, хоҷагии деҳқонии “Баландсар” дар ихтиёри худ 4 гектар замин дошта, дар мавсими ҷорӣ дар масоҳати 1,5 гектар ғалла, 1 гектар чарогоҳ ва 1,5 гектар боғ бунёд карда шудааст. Айни ҳол меваи гелос пухта расида, барои фурӯш ба бозори истеъмолӣ омода мегардад.
Раиси вилоят зимни боздид ба фаъолияти саҳмдорон ва роҳбари хоҷагӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати риояи қоидаҳои агротехникӣ, самаранок истифода бурдани замин, парвариши дурусти боғу зироат ва рӯёнидани 2–3 ҳосил дар як сол, дастуру маслиҳатҳои судманд ироа намуданд.
Хабарҳои дигар

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ХОЛИЁН”
Дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Холиён”, воқеъ дар деҳаи "Дараи Мухтор"- и

РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “СУРУШ” ДИДАН КАРД
Дар идомаи сафари корӣ Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба ноҳияи Ховалинг аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Суруш”, воқеъ дар деҳаи

ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОБОИ РАҶАБ”
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Қубодиён аз самаранок истифодабарии замин дар хоҷагии деҳқонии “Бобои Раҷаб”–и

ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “РАҲМАТУЛЛО”
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Қубодиён аз самаранок истифодабарии замин дар хоҷагии деҳқонии “Раҳматулло”–и

ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
Имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили картошка