МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “СУРУШ” ДИДАН КАРД

РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “СУРУШ” ДИДАН КАРД

5-06-2025, 05:26
33
0
Дар идомаи сафари корӣ Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба ноҳияи Ховалинг аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Суруш”, воқеъ дар деҳаи "Гулзор"- и Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт боздид ба амал оварданд.
Хоҷагии деҳқонии “Суруш” солҳои охир дар самти истифодаи самараноки замин ва рушди соҳаи кишоварзӣ ба дастовардҳои намоён ноил гардида, масоҳати умумии он 21 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагӣ аз панҷ нафар саҳмдор иборат буда, тибқи иттилои масъулин дар заминҳои он дар мавсимҳои гуногун боғ, сабзавот, картошка, юнучқа ва зироатҳои чарогоҳӣ парвариш карда мешаванд. Айни ҳол, дар 7 гектар боғ, 0,5 гектар картошка, 12 гектар юнучқа ва дар 1,5 гектар замин сабзавот кишт шудааст.
Зимни боздид раиси вилоят аз раванди ҷамъоварии хӯроки чорво ва фаъолияти хоҷагӣ дар самти таъмини бозор бо маҳсулоти худӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки истифодаи ҳар як ваҷаб замин бояд самаранок ва бо истифодаи усулҳои муосири агротехникӣ роҳандозӣ гардад, зеро талаботи бозор ба маҳсулоти кишоварзии ватанӣ рӯз то рӯз афзоиш меёбад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба роҳбарияти хоҷагӣ дастур доданд, ки бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ ва татбиқи технологияҳои нав дар заминаи кишоварзӣ, ҳосилнокии зироатҳоро зиёд намуда, ба диверсификатсияи истеҳсолот таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Аз ҷумла, таъмини бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти тару тоза, афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва ҷалби бештари ҷавонон ба чунин ташаббусҳо, яке аз роҳҳои самараноки таъмини шуғли аҳолӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум арзёбӣ гардид.
 
Хабарҳои дигар
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ХОЛИЁН”
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ХОЛИЁН”
Дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Холиён”, воқеъ дар деҳаи "Дараи Мухтор"- и
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БАЛАНДСАР”
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БАЛАНДСАР”
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Баландсар”, воқеъ дар деҳаи
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
Имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили картошка
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САХОВАТ”
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САХОВАТ”
30 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти ҷамъоварии картошка ва намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Саховат», воқеъ дар
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
Субҳи имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи