ШАҲРИТУС: ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Т.Садриддинов ва ҷамоати деҳоти Тоҷдорони ноҳияи Шаҳритус дар маъракаи оғози кишти пахтаи зери плёнка дар хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Исмоили Сомонӣ ва Эргаш Бобоқулов иштирок намуданд.
Роҳбари хоҷагии деҳқонии ба номи И.Сомонӣ Каримов Абдулло иттилоъ доданд, ки хоҷагӣ дорои 4,00 гектар замин буда, дар майдони 3,5 гектар кишти пахтаи зери плёнкаро ба роҳ мондааст.
Хоҷагии деҳқонии ба номи Эргаш Бобоқулов дар майдони умумии 5,46 гектар замин ташкил шуда, дар майдони 3,8 гектар кишти пахтаи зери плёнкаро ба роҳ мондааст.
Раиси вилоят бо хоҷагидорон суҳбат ороста, ҷиҳати риояи қоидаҳои агротехникӣ, барои боз ҳам истифодаи босамари замин ва истеҳсоли бештари маҳсулоти кишрварзӣ ба онҳо маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи ҳукумат ба кишоварзон баён доштанд, имсол дар вилояти Хатлон дар майдони 124,5 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад, ки ин ин шумор 41 ҳазор гектараш бо усули нави зери плёнка кишт карда мешавад.
Хабарҳои дигар

ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ, СИРПИЁЗ ВА ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА
Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён аз рафти нашъунамои пиёзи

НОСИРИ ХУСРАВ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНИИ “АЪЗАМҶОН-2022” ВА “САМАРИДДИН”
Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Қубодиён аз рафти нашъунамои пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии

ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
Субҳи имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи

ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
Имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили картошка