ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи ҳукумат ба кишоварзон баён доштанд, имсол дар вилояти Хатлон дар майдони 124,5 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад, ки ин ин шумор 41 ҳазор гектараш бо усули нави зери плёнка кишт карда мешавад.
Кишоварзони заҳматқарини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар вилояти Хатлон аз аввалинҳо шуда ба кишти пумбадона оғоз намуданд.
Имрӯз, 14 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар хоҷагии деҳқонии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз фаъолияти кишоварзон ва рафти киштукор дар саҳро огоҳ гардида, ба маъракаи кишти пахта оғоз бахшиданд.
Таъкид гардид, ки деҳқонону кишоварзон ҷиҳати риояи дурусти агротехникаи парвариш ва дигар омилҳои саҳроӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.
Хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегов (собиқ колхози “Комунизм”) дар солҳои 20–уми асри гузашта ҳамчун хоҷагиҳои хурд-хурд арзи ҳастӣ намудааст. Соли 1960 колхози “Коммунизм” ва “Калининобод” якҷоя карда шуда, як хоҷагии калонро ташкил намуданд, ки сарварии ин колхозро Ниёзмуҳаммад Бегов ба уҳда гирифт ва то соли 1986 онро роҳбарӣ менамуд. Ин марди корозмуда ва заҳматкаш тавонист хоҷагиро обод намуда, дар давоми 30 соли роҳбарияш як хоҷагии назарногирро ба як хоҷагии ободу зебоманзар ва овозадор табдил диҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар хоҷагӣ тамоми намуди маҳсулотҳои кишоварзӣ кишт карда мешавад. Асоси кори хоҷагиро пахтакорӣ ва чорводорӣ ташкил медиҳад. Хоҷагии мазкур 1506,67 гектар заминро фаро гирифта, 2100 саҳмдор дорад.
Аз ин ҳудуд дар майдони умумии 216 гектар ғалладонагӣ, аз ҷумла 172 гектар гандум, 5 гектар ҷав, 39 гектар ҷуворимакка, 32 гектар картошка, 24 гектар полезӣ, 87 гектар сабзавотҳо, 4 гектар офтобпараст, 2 гектар чормағзаки заминӣ ва дар майдони 131 гектар зироатҳои хӯроки чорво, аз ҷумла юнучқаи куҳна 110,67 гектар кишт карда мешавад.
Дар майдони 900 гектар бошад, ду навъи пунбадона кишт карда мешавад. Аз ҷумла, дар майдони 100 гектар пунбадонаи навъи хитоии «Р-1» дар зери плёнка ва дар майдони 800 гектар пунбадонаи навъи туркии «Мая-455» кишт карда мешавад.
Пахта аз маҳсулоти асосии содиротии давлат маҳсуб ёфта, сол то сол арзиши аслии маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Аз ин рӯ, раиси вилоят дастур доданд, ки кишоварзон тибқи нақша масоҳати кишти пахтаро васеъ карда, дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ муваффақ гарданд.
Инчунин, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ, аз ҷумла коркарди саривақтии байни қаторҳо ва таъмин бо нуриҳои минералӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.
Сипас, раиси вилоят дар қисмати дигари ин хоҷагӣ бо нашъу намои картошка шинос шуданд.
Хабарҳои дигар

Боздид аз Кооперативи тиҷоратии “Турахон Исанқулов”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
Субҳи имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи

ҶАЙҲУН. БОЗДИД АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИҚБОЛ”
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Тоҷикистони ноҳияи Ҷайҳун аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили пиёз дар

ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
Имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили картошка

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Имрӯз. 31 январ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ ва боздид аз раванди корҳои сохтмонӣ дар иншооти