ЛЕВАКАНТ: ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 4 апрел, дар доираи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба фаъолияти Кооперативи тиҷоратии Сарзамини Леваканти шаҳри Левкант аз наздик шинос гардида, ба кишти пумбадона ҳусни оғоз бахшиданд.
Тибқи иттилоъ коперативи тиҷоратии мазкур майдони 232 гегтар заминро дар ихтиёр дошта, тибқи нақша дар ин заминҳо имсол пурра пахта кишт карда мешавад. Гуфта шуд, ки хоҷагидорон пайваста аз тухмиҳои хушсифат истифода намуда, имсол навъи тухмии австралиро бо усули 2 қатора кишт манамоянд.
Тибқи иттилоъ соли гузашта хоҷагидорон аз зироати пахта дар ин заминҳои киштшаванда то 30 сентнер ҳосил ҷамъоварӣ карданд ва имсол тасмим доранд бо истифодаи усулҳои пешрафтаи агрохтехникӣ кори деҳқониро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Раиси вилояти Хатлон бо саҳмдорони кооперативи тиҷоратии мазкур суҳбат намуда, ҷиҳати оқилона истифода намудани заминҳои киштшаванда тавсияҳои муҳим доданд.
Қобили зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи ҳукумат ба кишоварзон баён доштанд, имсол дар вилояти Хатлон дар майдони 124,5 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад, ки аз ин ин шумора 41 ҳазор гектари он бо усули нави зери плёнка кишт мегардад.
Хабарҳои дигар

КӮШОНИЁН: ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ТУХМИПАРВАРИИ БА НОМИ ФАЙЗАЛӢ САИДОВ
Имрӯз, 4 апрел, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти хоҷагии ёрирасони тухмипарварии ба номи

Боздид аз Кооперативи тиҷоратии “Турахон Исанқулов”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ВА ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ "ДУБЕДА"
3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар хоҷагии деҳқонии "Дубеда"-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба кишти пунбадонаи

ХАТЛОН: ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР ҶСП «ҶУНТАЙ ХАТЛОН СИН СИЛУ»
Имрӯз, 14 март, дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни кишти пунбадона, ки бо усули муосир ва зери плёнка анҷом дода

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ КӮШОНИЁН
3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Кӯшониён аз раванди корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии сокинон,