МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ВА ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ "ДУБЕДА"

ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ВА ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ "ДУБЕДА"

4-04-2025, 12:37
47
0
3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар хоҷагии деҳқонии "Дубеда"-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба кишти пунбадонаи зери плёнка ҳусни оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки майдони кишт дар ноҳия 13 ҳазору 338 гектар буда, аз ин дар майдони 8 ҳазору 100 гектараш пахта кишт карда мешавад. Бо истифода аз имкониятҳо кишоварзони ноҳия имсол дар майдони беш аз 2 ҳазор гектар кишти зери плёнкаи пунбадонаро анҷом медиҳанд.
Хоҷагии деҳқонии "Дубеда" дар мувозинати худ 32 гектар замин дорад. Имсол дар 20 гектар кишти пахта, аз ин 15 гектар зери плёнка гузаронида мешавад. Хоҷагии мазкур дар ҷамоати деҳоти Вахшон буда, саҳмдорон ба парвариши пахта, ғалла, пиёз, қулфинай ва дарахтони мевадиҳанда машғуланд.
Тибқи иттилоъ кишоварзони хоҷагӣ дар майдони 2 гектар боғ, 2 гектар ғалла, 2 гектар пахта 20 сотих гармхона ва 1 гектар парвариши пиёзро ба роҳ мондаанд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни боздид ба фаъолияти хоҷагӣ баҳои баланд дода, саҳми онҳоро дар таъмини амнияти озуқаворӣ муассир донистанд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи ҳукумат ба кишоварзон баён доштанд, имсол дар вилояти Хатлон дар майдони 124,5 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад, ки ин ин шумор 41 ҳазор гектараш бо усули нави зери плёнка кишт карда мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
НОСИРИ ХУСРАВ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНИИ “АЪЗАМҶОН-2022” ВА “САМАРИДДИН”
НОСИРИ ХУСРАВ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНИИ “АЪЗАМҶОН-2022” ВА “САМАРИДДИН”
Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Қубодиён аз рафти нашъунамои пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии
ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ, СИРПИЁЗ ВА ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА
ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ, СИРПИЁЗ ВА ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА
Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён аз рафти нашъунамои пиёзи
ШАҲРИТУС: ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
ШАҲРИТУС: ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Т.Садриддинов ва ҷамоати деҳоти Тоҷдорони ноҳияи Шаҳритус
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
Имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили картошка
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
Субҳи имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи