МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ИШТИРОК ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

ИШТИРОК ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

31-01-2025, 16:42
38
0
Имрӯз, 31 январ, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Тахти сангини ноҳияи Қубодиён дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.
Тибқи нақша-чорабинии МИҲД-и ноҳияи Қубодиён ҷиҳати омодагиҳо ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ва истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинону соҳибкорони баору номус ва ҳиматбаланди ноҳия дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом гирифтаанд, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид корҳои ниҳолшинонӣ ва ободониро ташкил намуда, дар рушду пешрафт ва зиннати тоза касб намудани симои шаҳраку деҳоти ноҳия саҳми шоиста гузоранд.
Таъкид гардид, ки бо дарки анъанаҳои ибратбахши ниёгони сарфарози мо, аз ҷумла зебоипарастӣ, покизаманишӣ ва заҳматдӯстии онон пайваста ҷаҳду талош бояд кард.
Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят дар деҳаи Навобод бо рафти корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ барои 624 хонанда дар як баст шинос шуданд.
Раиси вилоят дастур доданд, ки дар наздиктарин фурсат корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд анҷом дода шуда, мавриди истифодабарӣ қарор дода шавад.
Бояд зикр намуд, ки соли 2024 ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи маориф тадбирҳои амалӣ андешида шуда, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 155 адад иншоотҳои соҳаи маориф дорои 1123 адад синфхона барои 28150 ҷои нишаст дар як баст (дар ду баст барои 56300 ҷои нишаст) сохта ба истифода дода шуд. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони зиёда аз 34 адад иншоотҳои соҳа иборат аз 185 адад синфхона бо фарогирии 4625 ҷойи нишаст дар 1 баст идома дорад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ДӮСТӢ: РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ИШТИРОК НАМУДАНД
ДӮСТӢ: РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ИШТИРОК НАМУДАНД
Дар Дӯстӣ имрӯзҳо корҳои ободониву созандагӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист бомаром идома дорад. Имрӯз, 31 январ, дар идома аз ин тадбир бо
ДАРАХТИ МАН САРСАБЗИИ ТОҶИКИСТОН АСТ!
ДАРАХТИ МАН САРСАБЗИИ ТОҶИКИСТОН АСТ!
Имрӯз, 25 январ, дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар назди бинои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон баргузор гардид, бо иштироки
ҚУБОДИЁН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ВА ЗАХИРА НАМУДАНИ САНГУ ШАҒАЛ ВА БИТУМ БАРОИ АСФАЛТПӮШ НАМУДАНИ РОҲИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА
ҚУБОДИЁН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ВА ЗАХИРА НАМУДАНИ САНГУ ШАҒАЛ ВА БИТУМ БАРОИ АСФАЛТПӮШ НАМУДАНИ РОҲИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА
Имрӯз, 27 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи “Чапарӣ”-и ҷамоати деҳоти Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён бо корҳои
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ САҲРОӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ САҲРОӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС
Имрӯз, 31 январ, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шоҳроҳи ноҳияи Шаҳритус-Носири Хусрав дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок
ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ХАТЛОН
ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ХАТЛОН
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон