МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ҚУБОДИЁН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ВА ЗАХИРА НАМУДАНИ САНГУ ШАҒАЛ ВА БИТУМ БАРОИ АСФАЛТПӮШ НАМУДАНИ РОҲИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА

ҚУБОДИЁН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ВА ЗАХИРА НАМУДАНИ САНГУ ШАҒАЛ ВА БИТУМ БАРОИ АСФАЛТПӮШ НАМУДАНИ РОҲИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА

27-07-2024, 16:37
133
0
Имрӯз, 27 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи “Чапарӣ”-и ҷамоати деҳоти Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён бо корҳои омодагӣ ва захира намудани сангу шағал ва битум барои асфалтпӯш намудани роҳи аҳамияти маҳаллидошта шинос гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки сокинону соҳибкорон ва шахсони сахватпешаи деҳаи Чапарӣ дар назди хеш мақсад гузоштанд, ки роҳи деҳаи худро дар масофаи 1 километр асфалтпӯш намоянд. Айни замон масофаи 1 километр сангфарш карда шуда, зиёда аз 10 тонна битум барои оғози кор омода кардаанд, ки дар рӯзҳои кӯтоҳтарин ба асфалтпӯшкунӣ шурӯъ менамоянд. Ҳамзамон, боз 20 тоннаи дигар битум дастрас карда мешавад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иқдоми пешгирифтаи сокинонро шоистаи таҳсин хонда, чунин амалҳои хайрхоҳонаро намунаи олии ватандорӣ унвон намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сокинону соҳибкорони бонангу номуси ноҳия дар натиҷаи дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва корҳои фаҳмодадиҳӣ рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба сангфаршу асфалтпӯшкунии роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта камари ҳиммат бастаанд.
Бояд зикр намуд, ки ба ифтихори истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои ободониву созандагӣ босуръат ҷараён доранд.
Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар миқёси вилоят, дар умум ба масофаи 1727 километр роҳҳо ба маблағи умумии 55,5 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 13,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ин миқдор бо саҳми соҳибкорон 45,5 километр таъмири асосӣ, 119 километр сангфарш ва 17 адад пул бо маблағи 35 миллиону 642 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ гардидаанд.

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ
ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ
27 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Чапарии ҷамоати деҳоти Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён бо ҷараёни корҳои
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ХУРОСОН”
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ХУРОСОН”
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Сари пули ноҳияи Ҷайҳун ба фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Хуросон” шинос
ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ИСТИФОДАБАРИИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ БА НОМИ “МУХТОРХОН”
ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ИСТИФОДАБАРИИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ БА НОМИ “МУХТОРХОН”
27 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён бо истифодабарии самараноки замин
ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ
ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ
Имрӯз, 12 апрел, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон аз рафти корҳои сохтмонии хатти нави истеҳсоли амстронг дар
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
Субҳи имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи