МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ

ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ

13-04-2024, 18:44
137
0
Имрӯз, 12 апрел, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон аз рафти корҳои сохтмонии хатти нави истеҳсоли амстронг дар корхонаи истеҳсолии гаҷкартони ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр индастриал» дидан намуданд.
Коргоҳи мазкур дар минтақаи саноатии ҷамоати деҳоти Даҳана, дар базаи корхонаи ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр индастриал» бо ҷалби сармояи дохилӣ бунёд хоҳад гашт.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа коргоҳи мазкур иқтидори истеҳсоли 3 млн. м2 амстронгро дар як сол доро буда, барои 35 ҷойи кории доимӣ пешбинӣ шудааст. Хатти нави истеҳсолӣ ба маблаги 40 млн. сомонӣ бунёд хоҳад гашт.
Ба раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иттилоъ доданд, ки таҷҳизоти истеҳсолӣ ба корхона ворид ва корҳои сохтмонию насби таҷҳизоти технологӣ пурра иҷро карда мешавад.
Айни замон корҳои омодагӣ ҷиҳати оғози корҳои сохтмонӣ идома дошта, аз даҳаи дуюми моҳи апрели соли ҷорӣ мутахассисони чинӣ ба корхона ташриф оварда ба кор шурӯъ менамоянд.
Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” дар майдони 5,2 гектар бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 10 ҳазор ва дар як сол дуюним миллион адад гаҷкартон мебошад. Дар корхона зиёда аз 200 нафар мутахассисону коргарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Тавре маълум аст, қаблан варақаҳои гаҷӣ ва профилҳои оҳанӣ аз хориҷи мамлакат ворид мешуд. Инчунин дар ҳудуди Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” як ташхисгоҳи хеле мукаммал бо 26 дастгоҳи муосири ташхиси масолеҳи сохтмонӣ ташкил карда шудааст. Коргарони ташхисгоҳ имкон доранд, на танҳо масолеҳи худӣ, балки аз дигар корхонаҳои ҷумҳуриро таҳлилу ташхис карда, дар бораи сифати маводҳо хулосаи зарурӣ пешкаш намоянд.
Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар сол то сол шумораи корхонаҳои саноатии истеҳсолкунандаи маҳсулоти гуногуни воридотивазкунанда афзоиш меёбад. Бунёди Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” идомаи мантиқии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар доираи ҳамкории босамари ҳукумат бо бахши хусусӣ амалӣ гардид.
Хабарҳои дигар
Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали донишгоҳ
Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали донишгоҳ
14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаҳои
Левакант: ОМОДАГИИ ОМӮЗГОРОНИ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР
Левакант: ОМОДАГИИ ОМӮЗГОРОНИ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР
Барои омодагӣ ба соли нави таҳсил дар муассисаи таълимии рақами 15-и шаҳри Левакант барои омӯзгорони фанни технологияи информатсиони машварат
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр
Ҳамватанони азиз! Шоми имрӯз моҳи мубораки Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад. Ба муносибати ин ойини мубораки диниву
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР
Ҳамдиёрони азиз! Ҳамаи шуморо бо фарорасии Иди саиди Фитр, ки яке аз суннатҳои муҳимми маънавии мардуми мусулмон ва нишонаи эҳтирому гиромидошти
ЭЪЛОН! БА ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУРОҶИАТ НАМОЕД!
ЭЪЛОН! БА ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУРОҶИАТ НАМОЕД!
Шаҳрвандони муҳтарам! Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон эҳтиромона ба маълумоти Шумо мерасонад, ки ба хотири беҳтарсозии кор, огоҳ