Вернуться назад Распечатать

ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ

Имрӯз, 12 апрел, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон аз рафти корҳои сохтмонии хатти нави истеҳсоли амстронг дар корхонаи истеҳсолии гаҷкартони ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр индастриал» дидан намуданд.
Коргоҳи мазкур дар минтақаи саноатии ҷамоати деҳоти Даҳана, дар базаи корхонаи ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр индастриал» бо ҷалби сармояи дохилӣ бунёд хоҳад гашт.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа коргоҳи мазкур иқтидори истеҳсоли 3 млн. м2 амстронгро дар як сол доро буда, барои 35 ҷойи кории доимӣ пешбинӣ шудааст. Хатти нави истеҳсолӣ ба маблаги 40 млн. сомонӣ бунёд хоҳад гашт.
Ба раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иттилоъ доданд, ки таҷҳизоти истеҳсолӣ ба корхона ворид ва корҳои сохтмонию насби таҷҳизоти технологӣ пурра иҷро карда мешавад.
Айни замон корҳои омодагӣ ҷиҳати оғози корҳои сохтмонӣ идома дошта, аз даҳаи дуюми моҳи апрели соли ҷорӣ мутахассисони чинӣ ба корхона ташриф оварда ба кор шурӯъ менамоянд.
Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” дар майдони 5,2 гектар бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 10 ҳазор ва дар як сол дуюним миллион адад гаҷкартон мебошад. Дар корхона зиёда аз 200 нафар мутахассисону коргарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Тавре маълум аст, қаблан варақаҳои гаҷӣ ва профилҳои оҳанӣ аз хориҷи мамлакат ворид мешуд. Инчунин дар ҳудуди Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” як ташхисгоҳи хеле мукаммал бо 26 дастгоҳи муосири ташхиси масолеҳи сохтмонӣ ташкил карда шудааст. Коргарони ташхисгоҳ имкон доранд, на танҳо масолеҳи худӣ, балки аз дигар корхонаҳои ҷумҳуриро таҳлилу ташхис карда, дар бораи сифати маводҳо хулосаи зарурӣ пешкаш намоянд.
Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар сол то сол шумораи корхонаҳои саноатии истеҳсолкунандаи маҳсулоти гуногуни воридотивазкунанда афзоиш меёбад. Бунёди Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” идомаи мантиқии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар доираи ҳамкории босамари ҳукумат бо бахши хусусӣ амалӣ гардид.