ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ
27 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Чапарии ҷамоати деҳоти Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён бо ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаи томактабӣ шинос шуданд.
Бинои кӯдакистон аз 3 ошёна иборат буда, бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Фарҳод Зиёев ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тамоми шароитҳои замонавӣ сохта мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар наздиктарин фурсат ба истифода дода хоҳад шуд.
Бояд зикр намуд, ки соли 2022 бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Фарҳод Зиёев бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 сохта, бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонии муассисаи томактабӣ ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд бунёд намудани иншооти мазкур ба масъулин дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти соҳаи маориф ҷиҳати амалишавии яке аз ҳадафҳои асосӣ, ҳарчи бештар фарогирӣ ба таълими томактабӣ мусоидат мекунад.
Дар шаш моҳи соли 2024 дар маҷмуъ 32 иншооти соҳаи маориф иборат аз 213 синфхона барои 5325 ҷойи нишаст дар як баст (дар ду баст 10650) мавриди истифода қарор дода шуданд.
Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 165 адад иншоотҳои соҳа иборат 1137 адад синфхонаҳо бо фарогирии 28425 ҷойи нишаст дар як баст (дар ду баст 56850) ҷойи нишаст корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Хабарҳои дигар

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ шинос шуданд.

ШАМСИДДИН ШОҲИН: ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНА АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
8 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои маркази хизматрасониро мавриди истифода қарор

Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали донишгоҳ
14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаҳои

ХАТЛОН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ҲАММОМИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН
28 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои ҳаммоми ҷамъиятиро мавриди истифода қарор

ҚУБОДИЁН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ВА ЗАХИРА НАМУДАНИ САНГУ ШАҒАЛ ВА БИТУМ БАРОИ АСФАЛТПӮШ НАМУДАНИ РОҲИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА
Имрӯз, 27 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи “Чапарӣ”-и ҷамоати деҳоти Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён бо корҳои