ХАТЛОН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ҲАММОМИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН
28 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои ҳаммоми ҷамъиятиро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Бинои ҳаммоми ҷамъиятӣ иборат аз ду ошёна буда, сохтмони он соли 2022 оғоз ёфта, айни замон корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст. Ҳаммом, ки дорои шароити муосири хизматароснӣ мебошад ва имкон дорад, дар як вақт 20 нафарро қабул намояд. Айни замон корҳои ободонии гирду атрофи бино, сангфаршкунии назди бино ба анҷом расидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки маблағи сохтмон тибқи лоиҳа 511 ҳазор сомониро дар бар гирифта, аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷомиев Ҷаҳонгир маблағгузорӣ шудааст. Дар ҳамоми ҷамъиятӣ 3 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти хизматрасонӣ баҳои баланд дода, барои саҳм гузоштан дар ободии ин ватан ба соҳибкор изҳори миннатдорӣ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 6 ҳазору 260 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 2809 адади он мавриди истифода қарор дода шудааст, ки самараи пойдории ваҳдату сарҷаъмӣ ва тинҷиву оромӣ дар кишвар аст.
Хабарҳои дигар

ШАМСИДДИН ШОҲИН: ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНА АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
8 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои маркази хизматрасониро мавриди истифода қарор

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ шинос шуданд.

ХОВАЛИНГ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
2 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос шуданд. Иншооти

БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 26 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва майдончаи

БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 26 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар кӯчаи ба номи Саидмуъмин Раҳимови шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва