БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 26 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва майдончаи бозии кӯдаконро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори шаҳр бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки сохтмони майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон, майдончаи бозии кӯдакон, таъмиру баркарорсозии роҳрав ва рангубори биноҳои истиқоматии №176А ва № 176Б, дар кӯчаи Ваҳдати маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар аз ҷониби Раёсати андози вилояти Хатлон амалӣ шудааст.
Дар ҳудуди майдони вобасташуда 10 адад арғунчакҳои бозии кӯдакона ва машқу тамрин, 3 адад дегдонхона, 1 адад майдони варзишии футболи хурд, 10 адад чароғҳо барои рушноӣ додани майдончаҳо, 2 адад айвонча сохта шуда, корҳо дар майдончаҳои бозии кӯдакон дар масоҳати 260м2, сафолакпӯшкунӣ дар масоҳати 445м2, насби ҷӯйборҳои обпарто бо дарозии 100 метр, ивази 6 адад дари даромадгоҳҳои бино ба анҷом расида, таваққуфгоҳи нақлиётӣ дар майдони 231 м2 бетонпӯш карда шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аснои шиносоӣ бо шароити машқу тамрин ва истироҳат бо насли ҷавон ва сокинон суҳбат намуда, ифтитоҳи иншоотро, ки рӯзи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ рост омадааст, ба сокинон муборакбод гуфтанд.
Сокинони маҳалла низ зимни суҳбат аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои муосир барои варзиш, истироҳат ва машқу тамрин изҳори миннатдорӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки солимии ҷомеа пайваста дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, иншооти мазкур дар ин самт мусоидати фаъол менамояд.
Раиси вилоят ба корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти хизматрасонӣ баҳои баланд дода, барои саҳм гузоштан дар ободии ин макон ба масъулин изҳори миннатдорӣ намуданд.
Хабарҳои дигар

БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 26 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар кӯчаи ба номи Саидмуъмин Раҳимови шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ шинос шуданд.

ДАНҒАРА. ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ УНИВЕРСАЛӢ ДАР НАЗДИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ
Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара имрӯз, 24 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири

ХОВАЛИНГ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
2 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос шуданд. Иншооти

БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Имрӯз, 18 апрел, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ