БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 26 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар кӯчаи ба номи Саидмуъмин Раҳимови шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва майдончаи бозии кӯдаконро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори шаҳр бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки сохтмони майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон, майдончаи бозии кӯдакон, таъмиру баркарорсозии роҳрав, рангубори биноҳои истиқоматии №7 ва №9, воқеъ дар кӯчаи Саидмуъмин Раҳимови шаҳри Бохтар аз ҷониби Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо харҷи зиёда аз 540 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.
Дар ҳудуди майдони вобасташуда 10 адад нишастгоҳ, 16 адад арғунчакҳои бозии кӯдаконаю ва машқу тамрин, 2 адад дегдонхона, 1 адад майдони варзишии футболи хурд, 8 адад чароғҳо барои рушноӣ додани майдончаҳо насб карда шудааст.
Инчунин, корҳои сохтмонӣ дар майдончаҳои бозии кӯдакон дар масоҳати 340 м2, сафолакпӯшкунӣ дар масоҳати 192 м2, майсазоркунӣ ва шинонидани гулҳои мавсимӣ бо дарозии 130 метр, насби ҷуйборҳои обпарто бо дарозии 200 метр ба анҷом расида, майдони таваққуфгоҳи нақлиёт дар масоҳати 330 м2 бетонпӯш карда шудааст.
Раиси вилоят бо сокинон дар масъалаи корҳои ободонӣ, тозагӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" суҳбати озод намуда, таъкид карда шуд, ки дар самти нигоҳубин ва ҳамин тавр ободу зебо нигоҳ доштани ин макони истироҳатӣ ҳар як сокини ин кӯча бояд масъулиятшинос бошад.
Хабарҳои дигар

БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 26 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва майдончаи

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ шинос шуданд.

ХОВАЛИНГ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
2 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос шуданд. Иншооти

ДАНҒАРА. ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ УНИВЕРСАЛӢ ДАР НАЗДИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ
Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара имрӯз, 24 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири

БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Имрӯз, 18 апрел, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ