МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

18-04-2024, 13:15
125
0
Имрӯз, 18 апрел, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар ба корҳои созандагию бунёдкорӣ дар маҳаллаи Хатлон шинос шуданд.
Дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ барои таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, соҳибкорони ватандӯст, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ иқдому ташаббусҳои нек вусъати тоза пайдо кардааст.
Раиси вилоят нахуст пас аз таъмиру азнавсозӣ аз дарвозаи даромадгоҳи маҳаллаи Хатлон, роҳравҳо, кӯчаҳои маҳалла дидан намуда, дар муаррифии лоиҳаҳои бунёди бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои оилаҳои кормандони ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи маорифу тандурустӣ, ниёзманд ва толори варзишии замонавӣ барои сокинони маҳалла иштирок намуда, санги асос гузоштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои истиқоматӣ дар муддати 1 сол ва толори варзишӣ дар муддаи 6 моҳ сохта ба истифода дода мешавад.
Раиси вилоят аз иқдоми пешгирифтаи соҳибкор истиқбол намуда, ин амалро шоистаи таҳсин хонданд.
Инчунин, бо ташаббуси соҳибкор таъмири дарвозаи даромадгоҳи маҳалла (ороиши дарвоза бо нақшу нигори миллӣ), сафолакпӯш намудани ҳамаи роҳравҳои маҳалла, иваз кардани симчӯбҳо ба симчӯбҳои замонавӣ, ба пуррагӣ ба равшаннамоии замонавӣ таъмин кардани маҳалла, рангу бор кардани биноҳои баландошёна, ба пуррагӣ таъмиру азнавсозӣ ва бо таҷҳизотҳои таълимӣ таъмин намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7, таъмиру азнавсозии биноҳои ёриасон (нонпазхона) дар назди биноҳои баландошёна, таъмири варзишгоҳи маҳалла пурра ба анҷом расида, бунёди бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои оилаҳои кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ниёзманд ва толори варзишии замонавӣ барои ҷавонони маҳалла аз ҷониби соҳибкор ба нақша гирифта шудааст.
Раиси вилоят бо сокинони маҳалла суҳбат намуда, таъкид карданд, ки кӯчаву маҳаллаҳоро тоза нигоҳ дошта, фарҳанги шаҳрнишиниро риоя намоянд. Инчунин, гуфта шуд, ки ба таълиму тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ дода, барои ҳифзи сулҳу амният камари ҳиммат баста шавад.
Хабарҳои дигар
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН
Имрӯз, 13 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар ба хонаи сокинон Бадриддин Маҳмадраҳимов ва Фурқат Қосимов
Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали донишгоҳ
Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали донишгоҳ
14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаҳои
ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ
ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ
Имрӯз, 12 апрел, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон аз рафти корҳои сохтмонии хатти нави истеҳсоли амстронг дар
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР
Ҳамдиёрони азиз! Ҳамаи шуморо бо фарорасии Иди саиди Фитр, ки яке аз суннатҳои муҳимми маънавии мардуми мусулмон ва нишонаи эҳтирому гиромидошти