Имрӯз, 31 январ, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Тахти сангини ноҳияи Қубодиён дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.
Тибқи нақша-чорабинии МИҲД-и ноҳияи Қубодиён ҷиҳати омодагиҳо ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ва истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинону соҳибкорони баору номус ва ҳиматбаланди ноҳия дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом гирифтаанд, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид корҳои ниҳолшинонӣ ва ободониро ташкил намуда, дар рушду пешрафт ва зиннати тоза касб намудани симои шаҳраку деҳоти ноҳия саҳми шоиста гузоранд.
Таъкид гардид, ки бо дарки анъанаҳои ибратбахши ниёгони сарфарози мо, аз ҷумла зебоипарастӣ, покизаманишӣ ва заҳматдӯстии онон пайваста ҷаҳду талош бояд кард.
Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят дар деҳаи Навобод бо рафти корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ барои 624 хонанда дар як баст шинос шуданд.
Раиси вилоят дастур доданд, ки дар наздиктарин фурсат корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд анҷом дода шуда, мавриди истифодабарӣ қарор дода шавад.
Бояд зикр намуд, ки соли 2024 ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи маориф тадбирҳои амалӣ андешида шуда, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 155 адад иншоотҳои соҳаи маориф дорои 1123 адад синфхона барои 28150 ҷои нишаст дар як баст (дар ду баст барои 56300 ҷои нишаст) сохта ба истифода дода шуд. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони зиёда аз 34 адад иншоотҳои соҳа иборат аз 185 адад синфхона бо фарогирии 4625 ҷойи нишаст дар 1 баст идома дорад.