ДӮСТӢ: РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ИШТИРОК НАМУДАНД
Дар Дӯстӣ имрӯзҳо корҳои ободониву созандагӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист бомаром идома дорад.
Имрӯз, 31 январ, дар идома аз ин тадбир бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлатлӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳия ниҳолҳои нодири ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд.
Бо пуштибонӣ аз ин иқдоми сабзкорӣ сокинони касбу кори гуногуни ноҳия ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва тозаю озода гардонидани муҳити зист фаъолона ширкат варзиданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба роҳбарияти ноҳияи Дӯстӣ ва бахши муҳити зист ва масъулини ҷамоатҳои деҳот дастур доданд, ки ниҳолҳои шинонидашударо дар ин мавзеъ таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, то фарорасии мавсими баҳор ва таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз бо чунин тадбирҳои ободонӣ ин маконро сабзу хуррам ва боз ҳам ободу зебо гардонанд.
Хабарҳои дигар

ДАРАХТИ МАН САРСАБЗИИ ТОҶИКИСТОН АСТ!
Имрӯз, 25 январ, дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар назди бинои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон баргузор гардид, бо иштироки

ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ХАТЛОН
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон

ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ВАЗЪИ НАШЪУНАМОИ ДАРАХТОНИ СОЯАФКАНУ ОРОИШӢ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии "Бустонқалъа"-и ноҳияи Кӯшониён бо вазъи нашъунамои

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ВАЗЪИ БЕМОРХОНАҲОИ ШАҲРИ КӮЛОБ
9 август, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид пас аз баргузории нишасти матбуотӣ ба шаҳри Кӯлоб рафтанд ва бо фаъолияти беморхонаҳо шинос шуданд.

Шиносоӣ бо таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зисти шаҳри Пистояи Италия
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо таҷрибаҳои