Шиносоӣ бо таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зисти шаҳри Пистояи Италия
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист ба шаҳри Пистояи Италия ташриф оварданд.
Шаҳри Пистоя дар вилояти Флоренсия ва минтақаи Тосканаи Италия, яъне дар яке аз қисматҳои марказии кишвар қарор дошта, бо таҷрибаи пешқадаму омӯхтанӣ дар ниҳолпарварӣ, ҷангалофарӣ, сабзгардонӣ ва ҳифзи муҳити зист шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз якчанд парваришгоҳҳои ниҳолҳои дарахтҳои мевадиҳанда ва сояафкану ороишӣ, аз ҷумла хеле зебову нодир дидан карда, бо тарзи шинондан, қаламчагирӣ, парвариш, роҳҳои муосири обу ғизодиҳӣ ва тобоварсозии онҳо ба бемориҳо ва ҳашароти зарарасон ва ба хусус мутобиқати онҳо ба иқлими Тоҷикистон шинос шуданд. Зимнан ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, ки дар ин боздид ҳузур доштанд, барои омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварон ва экологҳои италиявӣ супоришу маслиҳатҳои муфид доданд.
Тавре таъкид гардид, воридсозии ин ва дигар таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ барои сабзгардонӣ ва ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон ва тобовар намудани табиати кишвар ба тағйирёбӣ ва гармшавии босуръати иқлими сайёра басо муҳиму зарур аст.
Иттилоъ дода шуд, ҳамкорӣ дар ин самт миёни ниҳолпарварону боғдорони тоҷику италиявӣ чанд сол боз ба роҳ монда шудааст ва аллакай самараи назаррас оварда истодааст.
Хабарҳои дигар

Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали донишгоҳ
14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаҳои

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии

БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Имрӯз, 18 апрел, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ

БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН
Имрӯз, 13 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар ба хонаи сокинон Бадриддин Маҳмадраҳимов ва Фурқат Қосимов

Иштирок дар чорабинии фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд”
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи фарҳангиву таърихии