МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ВАЗЪИ НАШЪУНАМОИ ДАРАХТОНИ СОЯАФКАНУ ОРОИШӢ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ВАЗЪИ НАШЪУНАМОИ ДАРАХТОНИ СОЯАФКАНУ ОРОИШӢ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

16-11-2024, 17:29
34
0
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии "Бустонқалъа"-и ноҳияи Кӯшониён бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ шинос шуданд.
Ҳадафи боздиди раиси вилоят аз хоҷагии ниҳолпарварӣ шиносоӣ бо парвариши дарахтони ороишӣ, ки барои рушди корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва беҳтар кардани ҳифзи муҳити зист нигаронида шудааст, мебошад.
Зимни суҳбат бо хоҷагидорон раиси вилоят ба онҳо барои дуруст ба роҳ мондани парвариши ниҳолҳо маслиҳатҳои муфид доданд. Ниҳолҳои дар ин ҷо парваришёфта барои ободонию зебогии кӯчаву хиёбон ва боғҳову гулгаштҳо истифода мегардад.
Баъди шиносоӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир ба тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилу баргузории маъракаҳои ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, чароғонкунӣ, ташкили шароити мусоид дар боғ барои истироҳати сокинону меҳмонон ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дода, онҳоро ба вусъати тадбирҳои созанда ҳидоят намуданд.

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Шиносоӣ бо таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зисти шаҳри Пистояи Италия
Шиносоӣ бо таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зисти шаҳри Пистояи Италия
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо таҷрибаҳои
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ВА ШАҲРИ НОРАК
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ВА ШАҲРИ НОРАК
23 август, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Норак бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ БОҒИ ИНТЕНСИВӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОБОИ ШАМС”
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ БОҒИ ИНТЕНСИВӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОБОИ ШАМС”
28 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо нашъунамои боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии “Бобои Шамс”
КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАРКАЗИ САВДО ВА МАҶМААИ ХИЗМАТРАСОНИИ “ТАХТИ СУЛАЙМОН”
КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАРКАЗИ САВДО ВА МАҶМААИ ХИЗМАТРАСОНИИ “ТАХТИ СУЛАЙМОН”
8 ноябр дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Имрӯз, 18 апрел, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ