МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАРКАЗИ САВДО ВА МАҶМААИ ХИЗМАТРАСОНИИ “ТАХТИ СУЛАЙМОН”

КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАРКАЗИ САВДО ВА МАҶМААИ ХИЗМАТРАСОНИИ “ТАХТИ СУЛАЙМОН”

9-11-2024, 06:09
47
0
8 ноябр дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён раиси вилоят Давлаталӣ Саид бинои Маркази савдо ва Маҷмааи хизматрасонии “Тахти Сулаймон”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дуошёна буда, аз тарафи соҳибкори ватанӣ Давлаталӣ Ҳалимов дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази савдо ва ошхонаи миллӣ 18 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.
Дар рафти бунёди иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуда, бино бо унсурҳои хоси миллӣ ва шаклу услуби хос қомат афрохтааст. Ҳамчунин, бо мақсади зебову назаррабо намудани муҳит дар атрофи иншоот гулу гулбутта ва ниҳолҳои ороишӣ шинонида шудааст.
Соҳибкори ватанӣ иқдом гирифтааст, ки дар Маркази савдо бештар маҳсулоти истеҳсоли ватаниро, ки дорои сифати баланд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд, ба фурӯш барорад. Вобаста ба ин, бо дигар соҳибкорону хоҷагидорон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.
Пас аз ифтитоҳи иншооти нави хизматрасонӣ дар ошёнаи дуюми бино раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонаш бо ятимони кулли ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ анҷом дода, ба онҳо тӯҳфаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз сару либоси гарми зимистона, китоб ва ширинӣ иборат буд, супориданд. Дар ин мулоқот 35 нафар ятими кулл аз ноҳияи Кӯшониён аз тӯҳфаҳои Пешвои миллат баҳравар гаштанд.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо ятимон таъкид намуданд, ки бо дониши хубу ахлоқи намунавӣ дар мактаб таҳсил намоянд ва дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ПАНҶ: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ МАРКАЗИ САВДО, МЕҲМОНХОНА ВА ҲАММОМРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
ПАНҶ: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ МАРКАЗИ САВДО, МЕҲМОНХОНА ВА ҲАММОМРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
2 сентябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар кӯчаи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ҷамоати
Ифтитоҳи маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар шаҳри Хуҷанд
9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншоот дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки
ЁВОН: ИФТИТОҲИ БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ ВА ТАҚДИМИ 3 ХОНА БА НИЁЗМАНДОН
ЁВОН: ИФТИТОҲИ БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ ВА ТАҚДИМИ 3 ХОНА БА НИЁЗМАНДОН
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар кӯчаи Асадулло Ғуломови ноҳияи Ёвон раиси
ҶОМӢ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
ҶОМӢ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
16 август, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ шинос
Ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён
Ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён
7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён