МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ЁВОН: ИФТИТОҲИ БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ ВА ТАҚДИМИ 3 ХОНА БА НИЁЗМАНДОН

ЁВОН: ИФТИТОҲИ БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ ВА ТАҚДИМИ 3 ХОНА БА НИЁЗМАНДОН

9-11-2024, 06:12
45
0
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар кӯчаи Асадулло Ғуломови ноҳияи Ёвон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бинои баландошёнаи истиқоматӣ, ки бо пентхаус ва ҷойгир намудани толори маркази савдою хизматрасонӣ дар ошиёнаи якум ва таҳхонаи он, ки бо санъати хоси меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нав аз 9 ошёна ва 257 хонаи истиқоматӣ иборат буда, аз ҷониби соҳибкори меҳандӯсти ноҳия Мухторхӯҷа Қоризода бунёд гаштааст. Ҳуҷҷраҳо аз як, ду ва сехонагӣ иборат буда, бо санъати баланди меъморӣ ва шаклу намои зебо рӯи кор омадааст.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои истиқоматӣ моҳи ноябри соли 2021 оғоз ёфта, дар идомаи корҳои сохтмонӣ зиёда аз 80 нафар сокини маҳалӣ соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.
Зимни сохтмон ба масъалаҳои сифати маҳсулот ва корҳои анҷомёфта диққати авалиндараҷа зоҳир карда шудааст. Бинои нав ҳамчунин бо истифода аз нақшу нигори миллию замонавӣ оро ёфта, ҳар як қисми он бо лифтҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар саҳни бинои баландошёна бошад, майдончаи бозии кӯдакон бо атраксионҳо мавҷуд мебошад, ки хушҳолию бозии кӯдаконро комил месозад.
Ҳамчунин, дар бинои баландошиёна марказҳои хизматрасонию савдо ташкил гардидааст, зиёда аз 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудааст, ки аксари онҳо занону бонувон мебошанд. Дар ояндаи наздик бо пурра фаъол гаштани марказҳои хизматрасонӣ боз даҳҳо ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад.
Бунёду мавриди истифода қарор гирифтани чунин марказҳои савдаю хизматрасонии замонавӣ талаботи замон буда, дастрасии аҳолиро бо маҳсулоти хушсифати истеъмолӣ таъмин хоҳад кард.
Саҳни иншоот дар шомгоҳ зебову дилрабо буда, майдони бозии кӯдакон ва роҳравҳо пурра чароғон карда шудааст. Худи бинои истиқоматӣ низ бо чароғакҳои ранга зебу оро ёфтааст.
Пас аз шиносоӣ аз имкониятҳои бинои нав раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба 3 нафар: омӯзгори ҷавон, ниёзманд ва маълул калиди ҳуҷраҳои истиқоматиро ройгон тақдим намуданд.
Мавриди истифода қарор гирифтани бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо 257 хонаи барҳаво идомаи мантиқии сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ буда, ҳамзамон бо қомат афрохтани он симои шаҳрки ноҳияи Ёвон боз ҳам зеботару диданӣ гаштааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Ба истифода додани бинои истиқоматии 15 ошёна дар шаҳри Хоруғ
Ба истифода додани бинои истиқоматии 15 ошёна дар шаҳри Хоруғ
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ биноҳои баландошёнаи
ШАМСИДДИН ШОҲИН: ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНА АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ШАМСИДДИН ШОҲИН: ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНА АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
8 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои маркази хизматрасониро мавриди истифода қарор
Муаррифии лоиҳаҳои бунёди бинои панҷошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва корхонаи “Сендвич Панел” дар ноҳияи Рӯшон
Муаррифии лоиҳаҳои бунёди бинои панҷошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва корхонаи “Сендвич Панел” дар ноҳияи Рӯшон
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон ба лоиҳаи ангоравии бинои панҷошёнаи истиқоматӣ
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Имрӯз, 18 апрел, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд ва ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Бӯстон
Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд ва ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Бӯстон
7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди