Ба истифода додани бинои истиқоматии 15 ошёна дар шаҳри Хоруғ
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ биноҳои баландошёнаи истиқоматиро ба истифода доданд.
Бинои 15 ошёна дар шаҳри Хоруғ бо марказҳои хизматрасонӣ аз 128 манзили истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрадор иборат буда, дар он мутобиқ ба талаботи замони муосир барои зист шароит фароҳам оварда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани калиди манзилҳои истиқоматӣ ободкориву созандагиҳоро дар шаҳри Хоруғ ба шарофати Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуда, расидан ба қадри ин неъмати бебаҳоро амри зарурӣ маънидод карданд.
Дар ошёнаи якум ва таҳхонаи бино марказҳои хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар он оянда то 30 нафар бо кор таъмин мешаванд.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои хизматрасонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Помирсоз” дар асоси лоиҳаи муосири шаҳрсозӣ соли 2021 оғоз гардида, дар ин муддат шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Бунёди манзилҳои истиқоматии баландошёна дар маркази вилоят тибқи нақшаи генералии шаҳри Хоруғ сурат мегирад.
Дар саҳни бино майдонча барои фароғати истиқоматкунандагон ташкил ва атроф чароғону кабудизор карда шудааст.
Хабарҳои дигар

Ифтитоҳи бинои истиқоматии 10 ошёна дар шаҳри Хоруғ
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 10 ошёна бо Пентхаусро дар хиёбони

Гузоштани санги асос ба оғози корҳои сохтмонии панҷ бинои истиқоматии 16-ошёна дар Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ
28 май дар маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти

Муаррифии лоиҳаҳои бунёди бинои панҷошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва корхонаи “Сендвич Панел” дар ноҳияи Рӯшон
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон ба лоиҳаи ангоравии бинои панҷошёнаи истиқоматӣ

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд ва ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Бӯстон
7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди

Ифтитоҳи бинои кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои маъмурии кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии