Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд ва ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Бӯстон
7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқололи давлатии кишвар тадбирҳои зиёди ободонӣ амалӣ гардида, иншооти зиёди таъйиноти гуногун бунёд ёфтааст ва ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тантанаҳои идонаи сокинон шукӯҳи бештар мебахшад.
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Бӯстон оғоз гардид.
Дар шаҳри Бӯстон Сарвари давлат бинои нави истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар гарнизони Суғд воқеанд, ба истифода доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбиро тӯҳфаи арзанда номида, ба соҳибони хуштолеъи манзилҳо дар вазъияти тантанавӣ шахсан калиди ҳуҷраҳоро супориданд.
Бинои нав, ки аз панҷ ошёна иборат аст, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бунёд гардида, дорои 45 хонаи истиқоматии як, ду ва се ҳуҷрагӣ мебошад.
Тавре аён гардид, ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ бо ҷиҳозу лавозимоти рӯзгор таъмин карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нафароне, ки соҳиби манзилҳои нав гардиданд, даъват ба амал оварданд, ки вазифа ва масъулияти бевоситаи худро дар назди Ватан содиқонаю софдилона иҷро карда, барои оромию осудагӣ ва ҳифзи дастоварду музаффариятҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимод хизмат намоянд.
Хизматчиёни ҳарбӣ дар навбати худ ба Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ арзи сипос намуда, таъкид доштанд, ки дар ҳифзи марзу бум ва осоиштагии Ватан содиқона хизмат мекунанд ва чунин қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ беш аз ҳар вақти дигар масъулиятшинос хоҳад кард.
Бинои истиқоматии навбунёд дар мавзеи зебои шаҳри Бӯстон қомат афрохтааст ва дигар иншооти муҳим, аз ҷумла мактабу боғчаи бачагона, дармонгоҳу марказҳои савдою хизматрасонӣ дар наздиктарин масофа ҷойгир мебошанд.
Масоҳати умумии ин мавзеъ қариб як гектар буда, дар ҳавлии бино таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт, майдончаи муосири варзишӣ, ҷой барои бозию дилхӯшии кӯдакон ва истироҳату фароғати истиқоматкунандагон бунёд карда шудааст.
Ҳамчунин иншооти нав бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин буда, ҳар як қисми бинои истиқоматӣ бо як адад лифти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Тавре таъкид гардид, таъмини хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо бо манзили истиқоматӣ доимо дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад ва ин раванд идома дода мешавад.
Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мамлакат танҳо аз Вазорати мудофиа наздики ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ бо манзили зист таъмин шудаанд ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё худ шаҳраки низомиён барои афсарону оилаҳои онҳо ҳамоно идома дорад.
Хабарҳои дигар

Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79 - солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсия Русия 09.05.2024
9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ

Ифтитоҳи ҶДММ “Доруи Суғд” дар шаҳри Гулистон
7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои

Ифтитоҳи “Корхонаи металлургии тоҷик” дар шаҳри Гулистон
7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд дар минтақаи саноатии шаҳри

Иштирок дар паради ҳарбӣ бахшида ба 30-солагии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти марзбонони Ватан
28 май дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси

Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
22 август Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар Фурудгоҳи