МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79 - солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсия Русия 09.05.2024

Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79 - солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсия Русия 09.05.2024

9-05-2024, 16:37
69
0
9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79-солагии Ғалаба ба қасри Кремл ташриф оварданд.
Меҳмони олимақомро дар қасри Кремл Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин самимона истиқбол гирифтанд.
Сипас, аксгирии якҷояи роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати ҷашни Ғалаба ва вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои ИДМ ба шаҳри Москва ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх ба ифтихори 79-умин солгарди Ғалаба паради ҳарбӣ баргузор шуд, ки дар он шумораи зиёди низомиён иштирок намуданд.
Баъди анҷоми расми паради ҳарбӣ дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои иштирокдори чорабиниҳои тантанавӣ дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанг гиромӣ доштанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, аз ин шумора зиёда аз 100 ҳазор кас дар муҳорибаҳо ҳалок шудаанд. 64 нафар аз фарзандони шуҷои тоҷик барои корнамоиҳои беназир ва ҷоннисорӣ сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудаанд.

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 79 - солагии Рӯзи Ғалаба 08.05.2024
Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 79 - солагии Рӯзи Ғалаба 08.05.2024
8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Имрӯз, 18 апрел, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо
Иштирок дар чорабинии фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд”
Иштирок дар чорабинии фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд”
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи фарҳангиву таърихии
ХАТЛОН: СЕМИНАРҲОИ ДАСТУРДИҲИ ОИД БА ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ШАБАКАҲОИ ИЧТИМОИ ДОИР ХОҲАД ШУД
ХАТЛОН: СЕМИНАРҲОИ ДАСТУРДИҲИ ОИД БА ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ШАБАКАҲОИ ИЧТИМОИ ДОИР ХОҲАД ШУД
Дар ассоси дастуру ҳидоятҳои бе воситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,