ҶОМӢ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
16 август, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ шинос шуданд.
Дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир як қатор иншоотҳо сохта шуда истодааст.
Раиси вилоят дар шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои Қасри фарҳанг, нозироти андоз, бинои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдо, боғи фарҳангию истироатӣ ва дигар иншоотҳо дидан намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ таъкид намуданд, ки бояд ишоотҳои ҷашнӣ бо сифати баланд ва тибқи нақша сохта шаванд. Ба сохтмончиён дастур дода шуд, ки ба намои берунии бино аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.
Раиси вилоят таваҷҷуҳи масъулонро ба масъалаи ободу зебо кардани муҳити атроф, саҳни ҳавлии Қасри фарҳанги ноҳия, равшаннамоӣ, шинонидани гулу буттаҳо ва ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз ва сояафкан ҷалб намуданд.
Инчунин, раиси вилоят ба масъулон ҷиҳати истифодаи босамари замин, гирифтани зиёда аз ду ҳосил, кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ ва таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дастуру супоришҳо доданд.
Вобаста ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 6260 адад иншооти нақшавӣ 3090 адад иншоотҳо ба маблағи 2,5 млрд сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои мазкур 685 адад иншоотҳо, аз ҷумла таъмиру сохтмони 50 адад иншооти соҳаи маориф, 7 дармонгоҳ барои қабули 140 нафар дар як баст, 15 адад иншоотҳои фарҳангӣ, 6 адад биноҳои истиқоматии бисёрошёна, 22 адад иншоотҳои варзишӣ, 55 адад иншооти соҳаи кишоварзӣ, 2 иншооти соҳаи саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хати оби нӯшокӣ, сохтмони 126 км роҳҳо ва 30 адад пулҳои автомобилгард дар қитъаҳои гуногун, 171 иншооти хизматрасонӣ ва 176 адад дигар биною иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки дар ин замина барои 29,3 ҳазор окинони маҳаллӣ ҷойи кори нав таъсис ёфтааст.
Хабарҳои дигар

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ шинос шуданд.

ХОВАЛИНГ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
2 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос шуданд. Иншооти

ШАМСИДДИН ШОҲИН: ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНА АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
8 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои маркази хизматрасониро мавриди истифода қарор

ХАТЛОН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ҲАММОМИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН
28 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои ҳаммоми ҷамъиятиро мавриди истифода қарор

БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 26 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва майдончаи