ПАНҶ: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ МАРКАЗИ САВДО, МЕҲМОНХОНА ВА ҲАММОМРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
2 сентябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар кӯчаи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ маркази савдо, меҳмонхона ва ҳаммомро ифтитоҳ намуданд.
Бинои маркази савдо, меҳмонхона ва ҳаммом дар партави дастуру ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иншооти ҷашнӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Каримов Маҳмад сохта шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ соли 2022 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2024 бо маблағи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ба итмом расонида шуд.
Масоҳати умумии бино 180 метри мурраббаро ташкил дода, аз 3 ошёна ва тагхона иборат мебошад. Дар ошёнаи якуми бино маркази савдо ва хизматрасонӣ ва дар ошёнаи дуюм ва сеюми бино бошад, меҳмонхонаи замонавӣ сохта шудааст. Тагхонаи бино ҳамчун амбор истифода бурда мешавад.
Бо бунёд гардидани маркази савдо, меҳмонхона ва ҳамом дар маҷмӯъ зиёда аз 12 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Аснои шиносоӣ бо тарҳи бино ва сатҳи хизматрасонӣ дар он Сарвазири мамлакат ба сифати корҳои сохтмонӣ ва иқдоми ватандӯстонаи соҳибкори маҳаллӣ баҳои баланд доданд.
Хабарҳои дигар

ПАНҶ: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРӢ ВА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ ШУҒЛИ АҲОЛӢ ВА МУҲОҶИРАТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
2 сентябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии

ШАМСИДДИН ШОҲИН: ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНА АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
8 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои маркази хизматрасониро мавриди истифода қарор

ҶАЙҲУН: ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТИ САБУК БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
2 сентябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Рӯдакии ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ шинос шуданд.

ҶАЙҲУН: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 200 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
2 сентябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон