МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Ифтитоҳи маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар шаҳри Хуҷанд

Ифтитоҳи маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар шаҳри Хуҷанд

9-09-2024, 13:36
89
0
9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншоот дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки бо ҳадафи боло бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон бунёд шудаанд, дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии “Амид”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи шоиста аз 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ - роҳбари ширкати ватании “Амид” Саидамон Исомаддинов сохта шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароит ва сатҳи хизматрасонӣ дар иншооти тозабунёд ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ифтитоҳи маркази нави савдо ва хизматрасонии “Амид” ба таъсиси 40 ҷойи кории нав замина фароҳам овард. Аз шумораи умумии сокинони бо кор таъминшуда 30 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.
Тарҳи иншоот замонавӣ буда, дар он маркази фурӯши маҳсулоти гуногун, аз ҷумла, хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор, коргоҳи пухтани хӯрокҳои миллӣ, нонвойхонаи миллӣ ва аврупоӣ, маҳсулоти ширӣ, хӯришҳо, қаҳвахона, нуқтаи фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ва дорухона мавҷуд мебошад.
Бунёди иншооти нав имкон медиҳад, ки сатҳи хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд боз ҳам беҳтар гардад. Соҳибкор ният дорад, ки дар ояндаи наздик корро дар ду баст ба роҳ монад ва 20 нафари дигарро бо кор таъмин намояд.
Молу маҳсулоте, ки дар маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” ба фурӯш гузошта мешавад, аксаран истеҳсоли ватанӣ буда, дорои сифати баланд ва аз лиҳози экологӣ тоза мебошанд.
Бунёди анборҳои махсус тарзи дуруст ва дар шароити хуб нигоҳдории маҳсулотро таъмин намуда, имкони дар ҳама вақт дастрасӣ доштани сокинон ба маҳсулоти тозаву баландсифатро фароҳам меорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо фаъолият ва имкониятҳои маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” иқдоми соҳибкорро дар самти фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва рушди соҳа шоистаи таҳсин гуфтанд.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳаштумин маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Дар маҷмуъ дар 8 маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” наздики 300 нафар бо шуғл таъмин шуда, аз ин 150 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Ифтитоҳи ҶДММ Корхонаи инноватсионии "САМО" дар шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи ҶДММ Корхонаи инноватсионии "САМО" дар шаҳри Хуҷанд
9 сентябр Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти ҶДММ Корхонаи инноватсионии
Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак
Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак
30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии шаҳри Норакро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст мавриди
ПАНҶ: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ МАРКАЗИ САВДО, МЕҲМОНХОНА ВА ҲАММОМРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
ПАНҶ: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ МАРКАЗИ САВДО, МЕҲМОНХОНА ВА ҲАММОМРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
2 сентябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар кӯчаи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ҷамоати
Ифтитоҳи корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ “Ситораи тоҷ” ва ҶДММ “Лидер” дар шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ “Ситораи тоҷ” ва ҶДММ “Лидер” дар шаҳри Хуҷанд
9 сентябр дар рӯзи таҷлил аз 33 - юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази
Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд ва ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Бӯстон
Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд ва ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Бӯстон
7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди