ТӮҲФАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРИ БОХТАР ВА ЛЕВАКАНТ
Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бохтар ва Леваканд 5 адад техникаи нави партобвпартоӣ туҳфа карда шуд.
Имрӯз, 15 январ, дар расми қабули тӯҳфаҳо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки масъулон бо истифода аз имкониятҳои мусоид дар тозаву озода намудани шаҳр саҳми арзандаи худро гузоранд ва дар корҳои ободониву созандгӣ аз техникаҳои муосир истифода намоянд.
Техникаҳои нав ба ҳама талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, дар беҳтарнамоии корҳои созандагӣ ва тозаву озода намудани шаҳр мусоидат хоҳанд намуд.
Маҳз бо ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вилояти Хатлон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар ин замина дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ободкориҳо рӯз то рӯз вусъати тоза пайдо намуда истодаанд.
То ба имрӯз бо ҷаҳду талош ва дастгирию кӯмаки ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд лоиҳаҳои кӯмаки техникӣ дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ваҳдату ягонагӣ ва пешрафти соҳаҳо, пеш аз ҳама таъмини равуо ва равобити дохилиҷумҳуриву хориҷӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар сар карда, пайгирона аҳли кишварро ба ободониву бунёдкорӣ дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи роҳу нақлиёт даъват мекунанд.
Хабарҳои дигар

БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 26 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва майдончаи

РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БА МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИДАНД
Рӯзи 4 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ва дигар

БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 26 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар кӯчаи ба номи Саидмуъмин Раҳимови шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ БОЗӢ БАРОИ КӮДАКОН ДАР МАҲАЛЛАИ САДРИДДИН АЙНИИ ШАҲРИ БОХТАР
Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имрӯз, 14 декабр, дар маҳаллаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар майдончаи бозии кӯдакон мавриди

Ифтитоҳи роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғара ва шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди роҳҳои мошингарди Данғара-Гулистон ва Гулистон-Фархор
7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғараро ба истифода доданд.