МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БА МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИДАНД

РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БА МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИДАНД

6-09-2024, 14:27
81
0
Рӯзи 4 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ва дигар масъулони соҳаи кишоварзӣ дар ҷамоати деҳоти Зарбдор бо фаъолияти ҶДММ "Пахтаи Кӯлоб" шинос шуда, ба маъракаи ҷамъоварии пахта ҳусни оғоз бахшиданд.
Зимни суҳбат роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, ки дар доираи сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон солҳои охир бо роҳандозӣ намудани барномаҳои гуногуни давлатӣ хоҷагиҳо бо техникаҳои кишоварзӣ таъмин карда шудаанд, ки кори марди деҳқон дар шудгору кишти саривақтӣ ва ҷамъоварии ҳосил хеле осон гардидааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар шаҳри Кӯлоб ширкати пахтаи Кӯлоб таъсис дода шудааст. Заминҳои ширкати мазкур 1900 гектарро дар бар гирифта, масъулин дар заминҳои бар зимма доштаашон дар Ҷамоатҳои деҳоти Зиракӣ ва Зарбдор кишти навъҳои пунбадонаи "лотос", "бухоро" ва дигар навъи ба иқлими минтақа мувофиқро кишт намудаанд, ки имрӯз ба маъракаи он оғоз бахшида шуд.
Зимни боздид аз заминҳои кишти пахта ва ҳосили он масъулин иттилоъ доданд, ки дар вақти кишти пунбадона бо ҷалби техникаҳо ва механизмҳои нав ҳамчунин бо ҷалби мутахассисони ботаҷриба ҷиҳати ҳосилнокии пахта маслиҳатҳо дода буданд ва натиҷаи хуби мутахассисон буд, ки имрӯз ҳосил дар ҶДММ "Пахтаи Кӯлоб" беҳтар мебошад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ба пахтачинони пешқадам туҳфаҳо супорида, бо масъулони соҳаи кишоварзӣ ба чиниши пахта оғоз бахшиданд ва барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба хоҷагидорон тавсияҳои судманд доданд.
Зимни сӯҳбат бо меҳнаткашон раиси вилояти Хатлон ба онҳо хирмани пурбор ва ризқи фаровон орзу намуда, ҳамзамон оид ба қабули саривақтии пахта, коркарди он ва истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИДАНД
САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИДАНД
2 сентябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Сари пули ҷамоати деҳоти Панҷи
КӮЛОБ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТИ ПӮХТА
КӮЛОБ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТИ ПӮХТА
Рӯзи 4 сентябр, раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар шаҳри Кӯлоб бо ҷараёни корҳои сохтмонии корхонаи
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
Субҳи имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРОНИ КОРХОНАҲОИ ПАХТАТОЗАКУНӢ
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРОНИ КОРХОНАҲОИ ПАХТАТОЗАКУНӢ
26 август, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо раисони шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ВАЗЪИ БЕМОРХОНАҲОИ ШАҲРИ КӮЛОБ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ВАЗЪИ БЕМОРХОНАҲОИ ШАҲРИ КӮЛОБ
9 август, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид пас аз баргузории нишасти матбуотӣ ба шаҳри Кӯлоб рафтанд ва бо фаъолияти беморхонаҳо шинос шуданд.