МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРОНИ КОРХОНАҲОИ ПАХТАТОЗАКУНӢ

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРОНИ КОРХОНАҲОИ ПАХТАТОЗАКУНӢ

27-08-2024, 08:45
56
0
26 август, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо раисони шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва роҳбарони қисме аз сохторҳои вилоятӣ мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷаласаи кории назди раиси вилоят муовини раиси вилоят, прокурори вилоят, қисман роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят, сардорони нозироти андоз, роҳбарони корхонаҳои пахтатозакунӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа як масъала – “Фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта, омодагии корхонаҳои пахтатозакунӣ ба мавсими ҷамъоварии пахтаи соли 2024, ворид намудани ҳаҷми воқеии истеҳсол ва коркарди пахта ба ҳисоби оморӣ, шаклҳои дурусти андозбандӣ, назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зикр намуданд, ки саноатикунонии кишвар яке аз ҳадафҳои калидӣ муайян гардидааст, ки дар маҷмуи маҳсулоти минтақавии вилоят низ мавқеи хоса дорад.
- Дар маҷмуи маҳсулоти саноатии вилоят соҳаи нассоҷӣ яке аз самтҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, дар соли 2022 дар соҳаи нассоҷӣ бо маблағи 2 млрд. 695 млн. 535 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки аз ҳаҷми умумӣ 23,1%-ро ташкил медиҳад, - афзуд раиси вилоят.
Раиси вилояти Хатлон оид ба фаро гирифтани пахтаи истеҳсолкардаи деҳқон, қабул ва коркарди он, роҳ надодан ба ҳисоботи нодуруст, оид ба тартиби андозбандии коркарди пахта, ҳолати воқеии пардохтпазирии маблағи андоз аз ҷониби корхонаҳои пахтатозакунӣ, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии коркард ва қочоқи пахта, роҳҳои назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти баҳисобгирии оморӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар идомаи ҷаласа раиси вилоят Давлаталӣ Саид зикр намуданд, ки соли 2023 аз ҷониби 63 корхонаи калони пахта бо назардошти захираи соли 2022 (43522) 228198 тонна, дар маҷмуъ 271720 тонна пахтаи хом қабул гардидааст, ки аз он 266551 тонааш коркард шуда, бо назардошти бақияи соли гузашта 77548,2 нахи пахта истеҳсол карда шуд.
Вобаста ба ин масъала Сарраёсати омори вилоят, Раёсатҳои андоз, назорати давлатии энергетикии вилоят, марказҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилоят вазифадор карда шуданд, ки вобаста ба қабул, коркард ва интиқоли пахта аз ҷониби корхонаҳои коркард аз рӯйи талаботи меъёрҳои пешбинишуда ҷиҳати таъмини тавозуни ҳаракати пахта тадбирҳои судманд андешанд.
Бояд зикр намуд, ки кишоварзони вилоят дар майдони 120,7 ҳазор гектар навъҳои гуногуни пахтаро кишт намудаанд. Дар натиҷаи заҳмати деҳқонон майдонҳои пахтазор хуб нашъунамо ёфта, дар давраи ҳосилбандӣ қарор доранд. Мутобиқи маълумоти мутахассисон, ҳосили интизорӣ ва биологии пахта қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо ҳосили зинаи якуми пахта ба чиниш расидааст.
- Соли сипаришуда дар мавсими ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супоридани пахта як қатор камбудиву норасоиҳо, аз ҷумла бо нархи паст харидорӣ намудан ва сари вақт напардохтани маблағи он норозигии деҳқононро ба миён овард, - афзуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва ба шахсони масъул супориш дод, ки бо ташкилотҳои соҳавӣ масъалаи маблағгузории ҳосили имсола омӯхта ва ҳал карда шавад.
Сипас, муовини раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин оид ба коркарди пахта ва корхонаҳои коркардаи пахта дар вилоят дар соли 2023 гузориш доданд.
Дар фароварди ҷаласаи корӣ раиси вилояти Хатлон ҳамчунин ҷиҳати беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, роҳ надодан ба қочоқи он, пешгирии изофанависӣ, ба роҳ мондани назорати дурусти механизми ҷамъоварии пахта ва коркарди он ба раисони шаҳру ноҳияҳо, Раёсати ВКД дар вилоят, Бонки миллӣ ва бонкҳои дар вилоят фаъолияткунанда, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва Хадамоти давлатии назорати энергетикӣ дар минтақаҳои Бохтару Кӯлоб, Раёсатҳои андоз, кишоварзӣ, омор, гумрук ва дигарон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 5 август, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО БИАН МАО ДОНГ - РОҲБАРИ ҶДММ “ДУОБ АРТ” ДАР ТОҶИКИСТОН
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО БИАН МАО ДОНГ - РОҲБАРИ ҶДММ “ДУОБ АРТ” ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 14 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо Биан Мао Донг - роҳбари ҶДММ “Дуоб Арт”
ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА НАТИҶАГИРИИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ВА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ
ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА НАТИҶАГИРИИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ВА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ
Имрӯз, 13 июн, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати Давлаталӣ Саид - раиси вилоят ҷаласа баргузор гардид.
ПЕШРАВИҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА АФЗОИШИ РУШДИ МИНТАҚАВӢ
ПЕШРАВИҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА АФЗОИШИ РУШДИ МИНТАҚАВӢ
Имрӯз, 16 апрел, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРИЯТИ ҶДММ «АПК АЗЕРПАМБЫГ»-И ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРИЯТИ ҶДММ «АПК АЗЕРПАМБЫГ»-И ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо роҳбарияти ҶДММ «АПК Азерпамбыг»-и Ҷумҳурии