ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

5-08-2024, 14:47
100
0
Имрӯз, 5 август, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати кишвар оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо дар нимаи дуюми сол баррасӣ гардида буд, таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва ба таври маҷозӣ раисони шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид вобаста ба масъалаҳои рафти кишти такрорӣ, парвариши пахта (обмонӣ, озуқадиҳии 3-юм, сарчинкунӣ), ҷамъоварии ҳосили кишти зироатҳои кишоварзӣ-ғалладонагиҳо, сабзавотҳо, мевагиҳо, полезиҳо, маҳсулоти ҷангал, захираи хӯроки чорво ва ба ҳисоботҳои оморӣ ворид кардани онҳо, пешниҳоди ченаки назоратии кишти пахта, таъмиру омода кардани корхонаҳои коркарди пахта ба қабули ҳосили пахтаи соли 2024, нақшаи духти либосҳои мактабӣ ва ташкили ярмаркаҳои фурӯши либосҳо дар шаҳру ноҳияҳо, сифатнок таъмин кардани маҷмуи андозҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирӣ ва табобати беморони сироятӣ, суръат бахшидани корҳо ва саривақт омода кардани иншоотҳои ҷашнӣ суханронӣ намуда, вобаста ба мушкилоти дар соҳаҳои мазкур ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон таъкид намуданд, ки фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ ва муайян намудани ақидаи иҷтимоии оилаҳо бо усули фардии “Хона ба хона” ҷоннок карда шавад. Инчунин, масъулон вазифадор гардиданд, ки дар байни ҷавонон дар самти баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандустӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва ҷалби бештари ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба корҳои таблиғу ташвиқотӣ тақвият бахшида шавад.


 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024
10 июл, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нимсолаи
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВИЛОЯТИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН БАРГУЗОР ГАРДИД
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВИЛОЯТИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз, 24 июл, бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи
ПЕШРАВИҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА АФЗОИШИ РУШДИ МИНТАҚАВӢ
ПЕШРАВИҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА АФЗОИШИ РУШДИ МИНТАҚАВӢ
Имрӯз, 16 апрел, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РАИСОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТУРСУНЗОДА, ҲИСОР, РӮДАКӢ, ШАҲРИНАВ ВА ВАҲДАТ
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РАИСОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТУРСУНЗОДА, ҲИСОР, РӮДАКӢ, ШАҲРИНАВ ВА ВАҲДАТ
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилояти Хатлон, шаҳру