СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РАИСОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТУРСУНЗОДА, ҲИСОР, РӮДАКӢ, ШАҲРИНАВ ВА ВАҲДАТ
Июн 18, 2024
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро доир ба иҷрои дастуру супоришҳои қаблан додашуда дар масъалаҳои ҷамъоварии муташаккилонаи ҳосили ғалладонагиҳо, эмин нигоҳ доштани онҳо аз ҳолатҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла сӯхтор, суръат бахшидан ба кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани меваю сабзавот ва содироти он шуниданд ва оид ба масъалаҳои зикршуда супоришҳои мушаххас доданд.
Пешвои миллат, ҳамчунин, аз раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои номбурда талаб намуданд, ки омодагӣ ба тирамоҳу зимистони дарпешистода, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ва бунёду таъмири муассисаҳои таълимию тиббӣ дар деҳоти дурдаст, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави хониш, сафарбар намудани мардум ба ин корҳо ва ҳарчи бештар муҳайёсозии ҷойҳои корӣ барои аҳолӣ таъмин карда шавад.
Хабарҳои дигар

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон
25 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарон ва

ПЕШРАВИҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА АФЗОИШИ РУШДИ МИНТАҚАВӢ
Имрӯз, 16 апрел, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои

Иштирок дар чорабинии фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд”
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи фарҳангиву таърихии

Таъмири компютерҳо аз тарафи мутахассисони марказ ва бахшҳои тик-и шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон
Дар се моҳи соли 2024 аз тарафи мутахассисони Марказ ва бахшҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия 2616 адад компютерҳои корношоями

ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН
Имрӯз, 27 апрел, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри