Июн 18, 2024
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро доир ба иҷрои дастуру супоришҳои қаблан додашуда дар масъалаҳои ҷамъоварии муташаккилонаи ҳосили ғалладонагиҳо, эмин нигоҳ доштани онҳо аз ҳолатҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла сӯхтор, суръат бахшидан ба кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани меваю сабзавот ва содироти он шуниданд ва оид ба масъалаҳои зикршуда супоришҳои мушаххас доданд.