МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО БИАН МАО ДОНГ - РОҲБАРИ ҶДММ “ДУОБ АРТ” ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 14 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо Биан Мао Донг - роҳбари ҶДММ “Дуоб Арт” дар Тоҷикистон мулоқот анҷом доданд.
Зимни суҳбат раиси вилоят Давлаталӣ Саид иброз доштанд, ки вилояти Хатлон ҳамчун калонтарин вилояти кишвар, қабл аз ҳама, аз лиҳози кишоварзӣ имкониятҳо нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат бештар аст.
- Ҳамасола дар вилоят зиёда аз 300 ҳазор тонна пахта, 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 500 ҳазор тонна пиёзи барвақтӣ, ангур ва зироатҳои полезӣ, инчунин беш аз 1 миллион адад пӯсти моли калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад, - афзуд раиси вилоят.
Биан Мао Донг - роҳбари ҶДММ “Дуоб Арт” дар Тоҷикистон ифроз доштанд, ки ҳадаф аз мулоқот сохтмони корхонаи нассоҷӣ дар вилояти Хатлон буда, пахтаи вилоят коркард шавад ва маҳсулоте истеҳсол гардад, ки талаботи мардумро қонеъ созад.
Раиси вилоят афзуд, ки имрӯз Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шуда, дар корхона асосан 32 номгӯи маҳсулоти ресандагӣ истеҳсол карда мешавад ва дар маҷмӯъ иқтидори истеҳсолоти ресандагии маҷмааи нассоҷӣ коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол мебошад, аммо ҳоло ҳам ба сохтмони корхонаҳои нассоҷӣ эҳтиёҷ дорем.
Хабарҳои дигар

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРИЯТИ ҶДММ «АПК АЗЕРПАМБЫГ»-И ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо роҳбарияти ҶДММ «АПК Азерпамбыг»-и Ҷумҳурии

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 3 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон

ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ
Имрӯз, 12 апрел, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон аз рафти корҳои сохтмонии хатти нави истеҳсоли амстронг дар

ПЕШРАВИҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА АФЗОИШИ РУШДИ МИНТАҚАВӢ
Имрӯз, 16 апрел, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии