КӮЛОБ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТИ ПӮХТА
Рӯзи 4 сентябр, раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар шаҳри Кӯлоб бо ҷараёни корҳои сохтмонии корхонаи истеҳсоли хишт шинос шуданд.
Корхонаи мазкур дар партави дастуру ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ “Хосор-С” дар майдони 7,5 га ташкил шуда, маблағи умумии лоиҳа 2 миллион сомонӣ мебошад.
Иқтидори корхона дар як шабонарӯз 50000 дона хишт буда, баъди баистифодадиҳӣ 27 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ 1.09.2024 оғоз гардида, 1.06.2025 корхонаи мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Раиси вилоят ба иқдоми муассис баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки дар оянда раванди истеҳсолот бояд ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад, зеро ин омил ба фаъолияти мунтазами корхона таъсири мусбат расонида, дастрасии ширкатҳои сохтмонӣ ва аҳолиро ба ин навъи масолеҳ осон мегардонад.
Хабарҳои дигар

ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ
Имрӯз, 12 апрел, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон аз рафти корҳои сохтмонии хатти нави истеҳсоли амстронг дар

ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ САНГУ ШАҒАЛИ ҶДММ «САНГШИКАНИ ҲАМАДОНӢ»
5 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ Ҷурахон дар ҷамоати деҳоти

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ВА ШАҲРИ НОРАК
23 август, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Норак бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ

ҶАЙҲУН: ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТИ САБУК БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
2 сентябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Рӯдакии ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи