МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ САНГУ ШАҒАЛИ ҶДММ «САНГШИКАНИ ҲАМАДОНӢ»

ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ САНГУ ШАҒАЛИ ҶДММ «САНГШИКАНИ ҲАМАДОНӢ»

6-09-2024, 08:09
72
0
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иншооти таъиноти гуногун мавриди истифодаву баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
     5 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ Ҷурахон дар ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корхонаи коркарди сангу шағали ҶДММ «Сангшикани Ҳамадонӣ» ифтитоҳ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди соҳаи сохтмони ноҳия, бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ, таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва дигар эҳтиёҷоти сохтмонӣ дар деҳаи Сайроби ҷамоати деҳоти Панҷоб аз тарафи соҳиброки маҳаллӣ Урозов Ибодулло дар масоҳаи 6 гектар замин корхонаи коркарди сангу шағал бунёд гардид. Корхонаи мазкур ба маблағи 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сохта шуда, таҷҳизотҳои он аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид карда шуданд.
Иқтидори корхона дар як соат коркарди 60 метри кубӣ сангу шағалро ташкил дода, 5 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ назаррас буда, дар баробари афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки давоми соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 40 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба истифода дода шудааст.

Хабарҳои дигар
ҲАМАДОНӢ: РАИСИ ВИЛОЯТ ДУ ПУЛИ МОШИГУЗАРРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
ҲАМАДОНӢ: РАИСИ ВИЛОЯТ ДУ ПУЛИ МОШИГУЗАРРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
5 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва сардори
ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ФАБРИКАИ ПАРВАРИШИ МУРҒИ ГУШТӢ

ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ РАҚАМИ 10
ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ РАҚАМИ 10
5 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ Ҷурахон дар деҳоти
Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ифтитоҳи роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то маркази ноҳия
Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ифтитоҳи роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то маркази ноҳия
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд.
ҚУБОДИЁН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ВА ЗАХИРА НАМУДАНИ САНГУ ШАҒАЛ ВА БИТУМ БАРОИ АСФАЛТПӮШ НАМУДАНИ РОҲИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА
ҚУБОДИЁН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ВА ЗАХИРА НАМУДАНИ САНГУ ШАҒАЛ ВА БИТУМ БАРОИ АСФАЛТПӮШ НАМУДАНИ РОҲИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА
Имрӯз, 27 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи “Чапарӣ”-и ҷамоати деҳоти Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён бо корҳои