МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ БОЗӢ БАРОИ КӮДАКОН ДАР МАҲАЛЛАИ САДРИДДИН АЙНИИ ШАҲРИ БОХТАР

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ БОЗӢ БАРОИ КӮДАКОН ДАР МАҲАЛЛАИ САДРИДДИН АЙНИИ ШАҲРИ БОХТАР

14-12-2024, 16:24
47
0
Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имрӯз, 14 декабр, дар маҳаллаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар майдончаи бозии кӯдакон мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори шаҳр бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуда истодааст.
Майдончаи хурди кӯдакона бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои истироҳат ва бозии кӯдакон ҷойҳои махсус ба инобат гирифта шудааст.
Ин майдонча бо саҳми шуъбаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар дар заминаи ҳидоятҳои инсонпарваронаи Пешвои муаззами кишвар ва раиси вилояти Хатлон баҳри таъмини фароғати сокинон ва истироҳати кӯдакону наврасон бунёд гардидааст.
Бояд зикр намуд, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо дастуру супориши раиси вилояти Хатлон беш аз 30 майдончаи варзишӣ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон бояд аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бунёд гардад. Ҳоло сохтмони дигар майдончаҳо дар шаҳр бомаром идома доранд.
Раиси вилоят бо сокинон ҳамсуҳбат шуда, афзуд, ки дар самти нигоҳубин ва ҳамин тавр ободу зебо нигоҳ доштани ин макони истироҳатӣ масъулиятшинос бошанд.

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 26 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва майдончаи
БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 26 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар кӯчаи ба номи Саидмуъмин Раҳимови шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва
МУАРРИФИИ ЛОИҲАИ "МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ ФУТБОЛ БАРОИ КАЛОНСОЛОНУ НАВРАСОН ВА МАҶМААИ ТЕННИС" ДАР ШАҲРИ БОХТАР
МУАРРИФИИ ЛОИҲАИ "МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ ФУТБОЛ БАРОИ КАЛОНСОЛОНУ НАВРАСОН ВА МАҶМААИ ТЕННИС" ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Имрӯз, 14 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар бо лоиҳаи "Майдончаи варзишии футбол барои калонсолону наврасон ва
ХОВАЛИНГ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
ХОВАЛИНГ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
2 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос шуданд. Иншооти
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ шинос шуданд.