ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ САНГУ ШАҒАЛ ВА ИСТЕҲСОЛИ БЕТОН ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ
13 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари кориашон дар ноҳияи Дӯстӣ ба фаъолияти корхонаи сангу шағал ва истеҳсоли бетон ҳусни оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз тарафи ҶДММ «Ғолибҷон Холов» корхонаи сангу шағал ва истеҳсоли бетон сохта шуда, майдони умумии корхона ба микдори 1,32 гектар, шумораи коргарон 12 нафар мебошад.
Маблағи умумии сарфшудаи сохтмон 10 миллион сомонӣ буда, сохтмонаш аз моҳи марти соли 2024 оғоз гардида, дар моҳи декабр ба истифода дода шуд. Ҳамаи таҷҳизот аз давлати Чин харидорӣ карда шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бунёди чунин корхонаҳоро дар самти ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар қадами устувор гуфта, аз ҷумла таъкид доштанд, ки вусъати чунин тадбирҳо метавонад ба рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва рақобатпазирии он мусоидат намояд.
Хабарҳои дигар

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли армстронг дар ноҳияи Ёвон
7 ноябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз ёфт.

ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ САНГУ ШАҒАЛИ ҶДММ «САНГШИКАНИ ҲАМАДОНӢ»
5 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ Ҷурахон дар ҷамоати деҳоти

ҚУБОДИЁН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ВА ЗАХИРА НАМУДАНИ САНГУ ШАҒАЛ ВА БИТУМ БАРОИ АСФАЛТПӮШ НАМУДАНИ РОҲИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА
Имрӯз, 27 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи “Чапарӣ”-и ҷамоати деҳоти Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён бо корҳои

Боздид аз ҷараёни корҳо дар рӯди Оби Шӯр дар Неругоҳи обии “Роғун”
27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси

ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ
Имрӯз, 12 апрел, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон аз рафти корҳои сохтмонии хатти нави истеҳсоли амстронг дар