МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » БОХТАР: ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ МАШҚУ ТАМРИН «ФИТНЕС-КЛУБ»

БОХТАР: ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ МАШҚУ ТАМРИН «ФИТНЕС-КЛУБ»

9-11-2024, 06:40
73
0
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон имрӯз дар шаҳри Бохтар раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба фаъолияти толори машқу тамрин - «Фитнес-клуб» ҳусни оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Толори мазкур дар кӯчаи Ҷ.Мирзоқодирова, дар зербинои бинои баландошёна ҷойгир буда, масоҳати умумиаш 330 метри квадратӣ мебошад.
Толори мазкур аз ҷониби соҳибкор Ҳайдаров Асомиддин ба маблағи умумии 2 100 000 сомонӣ сохта шуда, ба маблағи умумии 2 200 000 сомонӣ бо таҷњизотҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Толор аз утоқи либосивазкунӣ барои 20 нафар, ҳаммом, ҳоҷатхона, ва қабулгоҳ иборат мебошад. Баъди ба истифода додани толор 12 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо варзишгарон суҳбати озоду самимӣ намуда, онҳоро вазифадор карданд, ки бо истифода аз чунин шароити хуби муҳайёгардида барои расидан ба қуллаҳои баланди варзишӣ дар мусобиқаҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ ҷаҳду талош намоянд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР БОХТАР
ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР БОХТАР
8 ноябр дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон шаҳри Бохтар раиси вилоят Давлаталӣ Саид
БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 26 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва майдончаи
БОХТАР: ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ ВИЛОЯТ
БОХТАР: ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ ВИЛОЯТ
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар кӯчаи Ҷ. Абдуллоеви шаҳри Бохтар раиси вилоят
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Имрӯз, 18 апрел, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 26 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар кӯчаи ба номи Саидмуъмин Раҳимови шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва