ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР БОХТАР

9-11-2024, 06:37
56
0
8 ноябр дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон шаҳри Бохтар раиси вилоят Давлаталӣ Саид толори варзишии замонавиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Толори варзишӣ дар таҳхонаи бинои Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ҷойгир буда, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон» тариқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба маблағи умумии 2 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шуда, бо таҷҳизоти муосири машқу тамрин таъмин карда шудааст.
Масоҳати умумии маҷмааи мазкур 451 метри квадратӣ буда, аз қабулгоҳ, утоқҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, ҳоҷатхона, 3 утоқи кории роҳбарият иборат мебошад.
Тибқи иттилоъ корҳои таъмиру азнавсозӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии «Сомон сохтмон-иншоот» ба роҳ монда шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо варзишкорону ҷавонон суҳбат намуда, ифтитоҳи иншоотро ба сокинон муборакбод гуфта, ба сифати корҳо дар иншоот баҳои баланд доданд ва ҷавононро барои ҳарчи бештар ба варзиш рӯ овардан ҳидоят намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
БОХТАР: ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ МАШҚУ ТАМРИН «ФИТНЕС-КЛУБ»
БОХТАР: ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ МАШҚУ ТАМРИН «ФИТНЕС-КЛУБ»
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон имрӯз дар шаҳри Бохтар раиси вилоят Давлаталӣ Саид
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Имрӯз, 18 апрел, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 26 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва майдончаи
Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак
Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак
30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии шаҳри Норакро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст мавриди
БОХТАР: ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ ВИЛОЯТ
БОХТАР: ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ ВИЛОЯТ
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар кӯчаи Ҷ. Абдуллоеви шаҳри Бохтар раиси вилоят