ИФТИТОҲИ ҲАВЗИ ШИНОВАРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Имрӯз, 28 июл, дар маракази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар ҳавзи шиноварӣ бо иштироки Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ва раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар ва ҳайати ҳамроҳон ба истифода дода шуд.
Ҳавзи шиноварӣ бо сатҳу сифати баланд сохта шуда, дар назар аст, ки мусобиқаҳои варзишӣ минбаъд дар ин ҷо гузаронида шавад.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ва раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш ҳозиринро табрик намуда, ин иқдомро барои рушди варзиши шиноварӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Агар дар 70 соли даврони Шӯравӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон 26 адад варзишгоҳ, 1128 майдончаи варзишӣ, 284 толори варзишӣ, 11 ҳавзи шиноварӣ, 2 маҷмааи варзишӣ, 30 мактаби варзишӣ буд, имрӯз ин нишондод ба маротиб афзуда, то ба ҳамин давра теъдоди варзишгоҳҳо ба 40 адад, майдончаҳои варзишӣ 3196 адад, толорҳои варзишӣ 574 адад, ҳавзҳои шиноварӣ 38 адад, маҷмааи варзишӣ 11 адад, мактабҳои варзишӣ 37 ва дигар иншооти махсуси варзишӣ ба 231 адад расидааст. Агар шумораи умумии мураббиён то соли 1991 354 нафар буд, имрӯз ин теъдод ба 683 нафар, шумораи варзишгарон аз 8086 ба зиёда аз 18 ҳазор нафар расидааст.
Хабарҳои дигар

БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 26 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва майдончаи

БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 26 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар кӯчаи ба номи Саидмуъмин Раҳимови шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва

БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН
Имрӯз, 13 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар ба хонаи сокинон Бадриддин Маҳмадраҳимов ва Фурқат Қосимов

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО АННА КУЗНЕТСОВА
Имрӯз, 27 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо вазири кишоварзӣ ва бозори

БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Имрӯз, 18 апрел, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ