МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ДӮСТОНА ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ДӮСТОНА ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

20-06-2025, 13:50
67
0
Имрӯз дар ҳошияи Форуми байналмилалии сайёҳии «Хатлон - қалби гарми сайёҳӣ», ки дар шаҳри Кӯлоб ҷараён дорад, мулоқоти раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валихан Туреханов баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои дуҷониба миёни вилояти Хатлон ва воҳидҳои маъмурии Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо дар фазои созанда ва рӯҳияи дӯстона масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ, фарҳанг, савдову иқтисод, кишоварзӣ ва мубодилаи таҷрибаи касбиро муҳокима карданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз сатҳи равобити дӯстона ва шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки бо ибтикору талошҳои роҳбарони олии ду кишвар Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев таҳким ёфтааст, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар ҷараёни суҳбат раиси вилоят бо ишора ба имкониятҳои васеи вилояти Хатлон дар самти рушди соҳаҳои сайёҳӣ, кишоварзӣ ва саноати коркард, аз ҷаноби сафир даъват ба амал овард, ки доираҳои соҳибкории Қазоқистонро ба ҷалби сармоягузорӣ ба ин минтақаи кишвар ташвиқ намояд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов бо изҳори сипос аз пазироии самимӣ ва баргузории чунин форуми сатҳи баланди байналмилалӣ, омодагии ҷониби Қазоқистонро барои таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо вилояти Хатлон иброз дошт. Вай афзуд, ки табиати нотакрор, иқлими мусоид ва мероси бойи таърихиву фарҳангии Хатлон метавонад таваҷҷуҳи сайёҳону сармоягузорони қазоқистониро ҷалб намояд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Қазоқистон, бахусус дар сатҳи минтақавӣ, дар партави иродаи сиёсӣ ва манфиатҳои муштарак дар самтҳои гуногун рушду тавсеа меёбанд.

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН ДАР САТҲИ МИНТАҚАВӢ
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН ДАР САТҲИ МИНТАҚАВӢ
Дар доираи Форуми байналмилалии «Хатлон - қалби сайёҳӣ» имрӯз дар шаҳри Кӯлоб мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулода ва
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ТУРКМАНИСТОН
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ТУРКМАНИСТОН
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии «Хатлон - қалби гарми сайёҳӣ» имрӯз дар шаҳри Кӯлоб раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид сафири фавқулода ва мухтори
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон
Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва мавзуоти мубрами минтақавию ҷаҳонӣ дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев
3 июл дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо маросими имзои 16 санади нави ҳамкорӣ