МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ВОХӮРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

ВОХӮРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

26-06-2025, 13:47
68
0
Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон вохӯрии раиси вилояти Хатлон, раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ноибони Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон — Алишер Урунов ва Дониёрзода Сайвалӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба дастгирии дастаҳои футболи лигаи олӣ, якум ва дуюм, рушди инфрасохтори варзишӣ, таъсиси мактабҳои махсуси футбол барои наврасону ҷавонон, инчунин таҳкими заминаҳои рушди футбол дар вилоят мавриди баррасӣ ва таҳлили ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Раиси вилоят зимни суханронии худ таъкид намуд, ки футбол яке аз василаҳои муҳими тарбияи маънавӣ ва ҷисмонии ҷавонон маҳсуб ёфта, рушди он дар вилоят, аз ҷумлаи афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии роҳбарияти вилоят мебошад.
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ дар самти тақвияти имкониятҳои футболи маҳаллӣ, ба хусус таъмини мураббиён, дастгирии техникӣ ва баргузории мусобиқаҳо иброз намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаи футбол гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва бахши хусусӣ барномаҳои рушди футбол амалӣ хоҳанд шуд.
Ин вохӯрӣ дар роҳи густариши футбол дар минтақа ба маврид арзёбӣ гардид.

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ДАВЛАТАЛӢ САИД РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИНТИХОБ ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИНТИХОБ ШУД
Имрӯз, 25 феврал дар толори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД АЪЗОИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ФФТ ИНТИХОБ ШУД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД АЪЗОИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ФФТ ИНТИХОБ ШУД
Имрӯз, 14 декабр дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» дар доираи Конгресси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати нави
ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ
ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ
Ҳамдиёрони азиз! Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз бо ташаббусҳои созандаи худ дар ҷодаи ҳалли масъалаҳои мубрам
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол
Ҳамватанони азиз! Мухлисону дӯстдорони варзиши футбол! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Тоҷикистон дар саросари олам
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ШАҲРОВАРДИ ХАТЛОН
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ШАҲРОВАРДИ ХАТЛОН
Дар варзишгоҳи "Вахш"-и шаҳри Бохтар байни ду дастаи қавии футболи вилоят - "Вахш"-и Бохтар ва "Равшан"-и Кӯлоб бозии