Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон вохӯрии раиси вилояти Хатлон, раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ноибони Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон — Алишер Урунов ва Дониёрзода Сайвалӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба дастгирии дастаҳои футболи лигаи олӣ, якум ва дуюм, рушди инфрасохтори варзишӣ, таъсиси мактабҳои махсуси футбол барои наврасону ҷавонон, инчунин таҳкими заминаҳои рушди футбол дар вилоят мавриди баррасӣ ва таҳлили ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Раиси вилоят зимни суханронии худ таъкид намуд, ки футбол яке аз василаҳои муҳими тарбияи маънавӣ ва ҷисмонии ҷавонон маҳсуб ёфта, рушди он дар вилоят, аз ҷумлаи афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии роҳбарияти вилоят мебошад.
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ дар самти тақвияти имкониятҳои футболи маҳаллӣ, ба хусус таъмини мураббиён, дастгирии техникӣ ва баргузории мусобиқаҳо иброз намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаи футбол гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва бахши хусусӣ барномаҳои рушди футбол амалӣ хоҳанд шуд.
Ин вохӯрӣ дар роҳи густариши футбол дар минтақа ба маврид арзёбӣ гардид.