Имрӯз дар ҳошияи Форуми байналмилалии сайёҳии «Хатлон - қалби гарми сайёҳӣ», ки дар шаҳри Кӯлоб ҷараён дорад, мулоқоти раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валихан Туреханов баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои дуҷониба миёни вилояти Хатлон ва воҳидҳои маъмурии Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо дар фазои созанда ва рӯҳияи дӯстона масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ, фарҳанг, савдову иқтисод, кишоварзӣ ва мубодилаи таҷрибаи касбиро муҳокима карданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз сатҳи равобити дӯстона ва шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки бо ибтикору талошҳои роҳбарони олии ду кишвар Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев таҳким ёфтааст, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар ҷараёни суҳбат раиси вилоят бо ишора ба имкониятҳои васеи вилояти Хатлон дар самти рушди соҳаҳои сайёҳӣ, кишоварзӣ ва саноати коркард, аз ҷаноби сафир даъват ба амал овард, ки доираҳои соҳибкории Қазоқистонро ба ҷалби сармоягузорӣ ба ин минтақаи кишвар ташвиқ намояд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов бо изҳори сипос аз пазироии самимӣ ва баргузории чунин форуми сатҳи баланди байналмилалӣ, омодагии ҷониби Қазоқистонро барои таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо вилояти Хатлон иброз дошт. Вай афзуд, ки табиати нотакрор, иқлими мусоид ва мероси бойи таърихиву фарҳангии Хатлон метавонад таваҷҷуҳи сайёҳону сармоягузорони қазоқистониро ҷалб намояд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Қазоқистон, бахусус дар сатҳи минтақавӣ, дар партави иродаи сиёсӣ ва манфиатҳои муштарак дар самтҳои гуногун рушду тавсеа меёбанд.