МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ТУРКМАНИСТОН
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии «Хатлон - қалби гарми сайёҳӣ» имрӯз дар шаҳри Кӯлоб раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид сафири фавқулода ва мухтори Туркманистон дар Тоҷикистон Аймурад Қочмуродовро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҳамсуҳбатон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳоро дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карда, оид ба зарурати таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ байни ду мамлакат, хусусан дар доираи татбиқи Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти вилояти Марии Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва гуманитарӣ таъкид намуданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба роҳ мондани тамоси пайвастаи корӣ байни соҳибкорон ва ширкатҳо, иштироки мутақобил дар чорабиниҳои тарафайн ва таҳвили маълумот оид ба лоиҳаҳоеро, ки дар вилояти Хатлон ва минтақаҳои Туркманистон татбиқ карда мешаванд, муҳим арзёбӣ намуд.
Сафири Туркманистон А. Қочмуродов ба раиси вилояти Хатлон ҷиҳати пазироии самимӣ ва дар сатҳи баланд ташкил намудани Форуми байналмилалии сайёҳӣ миннатдорӣ баён намуда, афзуд, ки дар заминаи Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон тамоми соҳаҳои ҳамкориҳо ба танзим даромадаанд. Президентҳои ду кишвар борҳо сафарҳоро ба давлатҳои ҳамдигар анҷом додаанд.
Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ ёдовар шуданд, ки 1 сентябри соли 2024 бо иштироки маҷозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов маросими ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ Фироқӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон баргузор гардид.
Қобили қайд аст, ки гардиши савдо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон тамоюли болоравиро касб кардааст.
Маҳсулоти асососии воридоту содирот дар сохтори муомилот иборат аз маҳсулоти нафтӣ, равғани растанӣ, нуриҳои минералӣ ва маҳсулоти саноати кимиёвӣ, инчунин комплекси агросаноатӣ, алюминий ва маснуоти он мебошад. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми муомилоти мол дар соли 2024, 19,3 млн. доллари амрикоиро ташкил додааст.
Хабарҳои дигар
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 3 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН ДАР САТҲИ МИНТАҚАВӢ
Дар доираи Форуми байналмилалии «Хатлон - қалби сайёҳӣ» имрӯз дар шаҳри Кӯлоб мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулода ва
ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ДӮСТОНА ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ
Имрӯз дар ҳошияи Форуми байналмилалии сайёҳии «Хатлон - қалби гарми сайёҳӣ», ки дар шаҳри Кӯлоб ҷараён дорад, мулоқоти раиси вилояти Хатлон муҳтарам
МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО РОМАН МАРКОВ
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии “Хатлон Инвест” раиси вилояти Хатлон ҳайати вилояти Ленингради Федератсияи Русияро бо
ИМЗОИ СОЗИШНОМА БАЙНИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА ҲУКУМАТИ ВИЛОЯТИ КИРОВИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Имрӯз, 17 марти соли 2025 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам





