МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН ДАР САТҲИ МИНТАҚАВӢ

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН ДАР САТҲИ МИНТАҚАВӢ

20-06-2025, 13:51
76
0
Дар доираи Форуми байналмилалии «Хатлон - қалби сайёҳӣ» имрӯз дар шаҳри Кӯлоб мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар баргузор гардид.
Ҷонибҳо зимни дидор доир ба маҷмуи васеи масоили ҳамкории дуҷониба, хусусан дар самтҳои рушди тиҷорату сармоягузорӣ, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, робитаҳои фарҳангӣ ва рушди сайёҳӣ табодули афкор намуданд. Раиси вилоят аз сатҳи равобити дӯстона ва шарикии стратегии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон изҳори қаноатмандӣ намуда, вилоятро омодаи густариши ҳамкориҳо бо музофотҳои Покистон, бахусус Хайбар Пахтунхва донист.
Дар рафти суҳбат таъкид гардид, ки таҳкими робитаҳои байнивилоятиву байниминтақавӣ дар пояи иродаи сиёсӣ ва дастгирии роҳбарони олии ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Покистон имкониятҳои навро барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои амалӣ фароҳам меорад.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи июни соли 2024 раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар губернатори музофоти Хайбар Пахтунхваи Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Файсал Карим Кундӣ ва ҳайати ҳамроҳони ӯро ба ҳузур пазируфта буд. Он мулоқот таҳкимбахши робитаҳои байниминтақавии Тоҷикистону Покистон ба шумор мерафт.
Сафири Покистон Муҳаммад Саид Сарвар бо ишора ба мероси муштараки таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар, изҳор дошт, ки робитаҳои Тоҷикистону Покистон дар асоси дӯстию эътимоди мутақобила рушд намуда, тайи 33 соли муносибатҳои дипломатӣ ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Раиси вилоят ба Сафири Покистон ҷиҳати саҳми арзишманд дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба, хусусан дар самти вусъати робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ изҳори сипос намуда, ҷонибҳоро ба ҷалби сармоя ба соҳаҳои саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ даъват кард.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки ташкили форумҳои муштараки соҳибкорон, густариши ҳамкориҳои байни донишгоҳҳои ду кишвар ва рушди нақлиёти боркашонӣ тавассути коридори Покистон-Афғонистон-Тоҷикистон метавонад заминаҳои амалии нав барои ҳамгироии минтақаӣ эҷод намояд.
Ҷонибҳо ба натиҷагирӣ расиданд, ки дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ метавон сатҳи ҳамкориҳоро дар доираи лоиҳаҳои муштарак ба маротиб тақвият бахшид.

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ДӮСТОНА ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ
ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ДӮСТОНА ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ
Имрӯз дар ҳошияи Форуми байналмилалии сайёҳии «Хатлон - қалби гарми сайёҳӣ», ки дар шаҳри Кӯлоб ҷараён дорад, мулоқоти раиси вилояти Хатлон муҳтарам
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Покистон ва нишасти матбуотӣ
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Покистон ва нишасти матбуотӣ
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардида, дар ҳузур ва бо иштироки
Мулоқот бо Директори генералии Хадамоти байниидоравии иктишофи Покистон
Мулоқот бо Директори генералии Хадамоти байниидоравии иктишофи Покистон
Имрӯз дар Қасри миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Хадамоти байниидоравии иктишофи
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ТУРКМАНИСТОН
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ТУРКМАНИСТОН
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии «Хатлон - қалби гарми сайёҳӣ» имрӯз дар шаҳри Кӯлоб раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид сафири фавқулода ва мухтори
Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф
Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф
29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, ки барои иштирок